Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Гоҳо ин ифрот то ба ҳадде мерасад, ки ба қавли мардум «шустани» як пояфзоли арзишаш садсўма ба панҷсад сўм мерасад. Англисҳо як зарбулмасал доранд: «Чашм аз шикам бузургтар аст».
Воқеан ҳам, сер кардани шиками инсон саҳл аст, нисбат ба он ки чашмашро сер кунӣ…
Қабули қонуни мазкур дигар имкон медиҳад, ки мардум аз зери бори гарони «нангу номус»-и дурўғин ва сунъӣ, ки боз ҳамон «менталитет»-и миллии мо таҳмил намудааст, раҳо ёбанд ва маблағҳои изофии худро ба таҳсили фарзандон ва беҳбудии шароити зисти худ сарф намоянд. Чаро мо бояд дар ин маврид аз мардуми Аврупо, ки бо вуҷуди доро будану роҳат зистанашон ҳаргиз ба исрофкорӣ даст намезананд, ибрат нагирем? Бубинед, ки мо имрўз либоси аврупоӣ мепўшем, аз техникаю технологияи аврупоӣ истифода мебарем, вале тафаккури мо ҳанўз побанди баъзе урфу оини асримиёнагист. Оё шумо дар ягон маърака ва ё сўҳбате шоҳид будед, ки мардуми мо аз илму технологияи пешрафта ва ё ҳадди ақал аз осори гаронмояи бузургони мо ҳарф зананд? Ба гумон. Агар пештар дар сўҳбатҳо аз Бедилу Хайём ё Ҳофизу Саъдӣ мегуфтанд, ҳоло барои баъзе тоифаҳо «ҳазрат»-у «тўра»-ҳое, ки хоки ягон мадрасаро ба қавле «налесидаанд», «авторитет» шудаанд ва фатвою мавъизаи онҳо доираи сўҳбатҳоро «гарм» мекунад.
Пешниҳоди Пешвои миллат дар зеҳну мафкураи миллати мо таҳаввулотеро ба амал овард ва мардумро ҳидоят намуд, ки аз расму одати зарароваре, ки тўли садсолаҳо дар мағзи устухони мо ҷо гирифта буд, даст кашем. Ин мисли ҳамон таҳаввулоти давраи ренессанс аст, ки дар кишварҳои Аврупо таассуби диниву хурофотиро шикаст дод ва пойгоҳи илму маърифатро дар ҷомеа устувор намуд. Натиҷаи ҳамон инқилоби маънавӣ буд, ки Аврупо аз асорати ҷаҳолати асримиёнагӣ раҳо ёфта, имрўз ба яке аз манотиқи пешрафта ва пуриқтидори дунё табдил ёфтааст…

пешина
аз 601
навбатӣ