Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пас худ қазоват кунед, ки ин оё «инқилобе» нест дар тафаккур, фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаи мо?

  • Аммо… Баъзе олимон, ҷомеашиносон ва рўҳониёни мо бар ин назаранд, ки маъракаву маросимҳои мо низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мост…
  • Дар қонун ҳаргиз баҳс дар мавриди маҳдуд кардани расму оини миллӣ ва ё суннатҳои санияи мардумӣ намеравад. Мо инро бояд дуруст дарк кунем. Ҳадафи асосии қонун, баръакс, даст кашидан аз урфу одатҳои сунъиву хурофотӣ ва камхарҷ кардани маъракаву маросимҳост.
    Мо бояд иқрор шавем, ки то ҳанўз дар ҷомеаи мо маҳфуми «буҷети оила» вуҷуд надорад. Ин яке аз иллатҳои асосии исрофкорӣ дар ҷомеа аст. Худ як қазоват кунед, ки дар баргузории маъракаҳои беҳудаи серхарҷ ҳамто надорем, вале барои фарзанди худ либос ва ё пойафзоли як-ду андоза бузургтарро мегирем, ки соли оянда низ пўшад. Ва ё як умр либосу ҷузвдони бародари бузург мероси бародари хурдӣ аст…
    Мо бояд аз эроду эътирози онҳое, ки намехоҳанд ҷомеа пеш равад, натарсем. Таърих собит намудааст, ки дар ҳар давру замон гурўҳҳои реаксионӣ, яъне иртиҷоие вуҷуд доштанд, ки нисбат ба ҳама гуна навоварӣ бо назари шубҳа менигаристанд. Агар ибтидои асри 20-ро ба хотир орем, ҳамин гурўҳи эътирозӣ, ки зидди илму маърифату навовариҳо буданд, ҳаракати босмачигариро ташкил карданд. Онҳо бунёди беморхонаҳо, хати роҳи оҳан, барқ, алоқа ва мисли инро «куфр» эълон мекарданд. Аз рўи инсоф бигўед, ки кадоме аз инҳо ба ҷомеа бештар манфиат расонидаанд? Большевикони «кофир»-е, ки мактабҳои маҳви бесаводӣ мекушоданду мардуми камбағалро соҳиби маълумот, касбу ҳунар, замин, фабрикаву завод мекарданд ва ё босмачиёни «мусалмон»-е, ки ба хотири ҳимоя аз сохти феодалӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷиҳод мекарданд ва мафкураи ҷомеаро ба андозае заҳролуд менамуданд, ки то дер мардум автомобилу қатораро «шайтонаробаю оташароба» меномиданд.
пешина
аз 601
навбатӣ