ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Солҳои 90-уми қарни гузашта низ вақте ки насими ҳувияту демократия вазид, қабл аз ҳама ҳамин тоифа ноором шуданд, ошўб бардоштанд ва ҳангоме ки кишварҳои ҳамҷавори мо орому осуда мероси Иттиҳоди Шўравиро тақсим мекарданд, ҷумҳурии моро ба коми оташу ҷанг кашиданд. Давлат ва артишро фалаҷ карданд. Боз ҳамон афсонаҳои «шайтонаробаро» бо оҳанги дигар такрор мекарданд. Ба мардуми осоишта фатво медоданд, ки «боке нест агар бо аслиҳа ошно набошед, шумо тирро файр кунед малоикаҳо худашон онро ба синаи кофирон мезананд». Андеша намекарданд, ки «кофарон» ҳаммиллату ҳаммазҳаб ва ё бародару хоҳарони онҳоанд.
Ин ҷо ба маврид аст суханони як дўстамро ёдрас намоям, ки дар сафари Чин маро ҳамроҳӣ мекард. Ў ба эътирозҳои як марди ба ном «диндор», ки ба ҳар чиз эрод мегирифт, бо тамасхур посух дод: «Бале, домулло, чиниҳо ба қавли Шумо «ҳаромхўранд», вале бубинед, ки корашон чи қадар тозаву ҳалол, мо бошем «ҳалолхўр»-у билло, ки ба ҷуз эрод гирифтан дигар ягон кори ҳалол надорем»
Мо бояд як чизро фаромўш насозем, ки мавқеи ҷуғрофии кишвари мо хеле ҳассос аст. Мо дар сарҳади бархўрди ду тамаддун қарор дорем. Агар арзишҳои миллии худро ҳифз кунему ба самти Ғарб рў орем аз илму технологияи муосир бархурдор хоҳем гашт. Вале агар ба самти Шарқ рў орем, боз побанди ҳамон урфу одатҳои асримиёнагӣ, хурофоту ҷаҳолат хоҳем буд…
- Бо иҷозаи Шумо, боз бармегардем сари баҳси қонун…
Яъне ҷиҳати пешгирии исрофкориву зиёдаравиҳо дар ҷашну маъракаҳо қабули ҳамин гуна як қонун муҳим буд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор