ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Агар мо ба таърихи халқи худ назар афканем, на зулму истибдоди асримиёнагии аҷнабиён, ки садҳо ҳазор нафар аз дасти бардагиву гуруснагӣ ба ҳалокат расидаанд, на давраҳои инқилоб ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва ё дар гузаштаи на чандон дур, ки касрати ҷанги шаҳрвандӣ мардумро ба қути лоямут зор кард, дарси ибрат нашудааст.
Мардуми мо як одати аҷиб дорад, ки агар андаке аз фақру нотавонӣ раҳо ёбаду дар ҷайбаш ду се танга пайдо шавад, боз ҳамон «менталитет»-и миллӣ дастболо мешаваду роҳи баҳудаву беҳуда сарф кардани ҳамон маблағи ночизро меҷўяд.
Рўзе яке аз дўстон қиссаи марғуберо нақл кард, ки ҳамин одати «суннатӣ»-и моро бозгў мекунад: - Солҳи 90-ум, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ буд, бо мошини боркаше аз шаҳри Кўлоб ба самти Қўрғонтеппа ҳаракат мекардем.
Дар роҳ марди шиносеро дидам, ки дар даст сатил интизори мошин буд. Аз ронанда хоҳиш кардам, ки ўро низ ҳамроҳ гирад. Баъд аз ҳолпурсӣ аз ў суол кардам, ки куҷо меравад? Ў ба дард оҳ кашида посух дод, ки дар хона ғизое намондааст ва як хешаш аз Сарбанд ваъда кардааст, ки агар ноилоҷ монад, биёяд ба ў як сатил орд медиҳад. - Барои овардани ҳамон орд меравам, агар ду маротиба нон бандем, як ҳафта ҷонамон аз гуруснагӣ халос,- ашки чашмонашро пок карда бо ҳасрат мегуфт мард. Тифоқо аз ин ҳодиса чанд сол гузашт, ҷанги шаҳрвандӣ низ паси сар шуд, мардум боз ба зиндагии осуда бармегаштанд. Рўзе фарзанди ҳамон мард маро ба хонаашон меҳмонӣ даъват кард, вале нагуфт, ки ба кадом хотир. Ҳанўз ба хонаашон наздик нашуда, садои карнаю мусиқиро шунидам, гумон кардам, ки тўй бошад. Дар саҳни ҳавлии хона мизу курсӣ ва катҳои ороста ва сари он беш аз 200 нафар меҳмонон нишаста буданд, дар кунҷи ҳавлӣ, сари оташдонҳо дегҳои бузурги хўрокпазӣ ва дар шохи дарахт нимтанаи гўшти гови фарбеҳ овезон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор