Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Соҳиби хона, ки бо чеҳраи кушод ба пешвозам баромада буд, аз нигоҳи суоломези ман рамуз гирифта гуфт: - Ҳамтуякак, фарзандҳо аз Россия омада ба хотири рўзи таваллуди банда як маъракачаи хоксорона оростанд. Дигар пешорўи ман як марди босалобату бовиқор, ки аз сериву пурӣ маст шудааст, меистод ва аз он марди ҳақири сатилбадаст, ки ордгадоӣ мерафту аз сахтиҳои зиндагӣ менолид ва ашки надомат мерехт, осоре намонда буд… Қиссаи дўстамро шунидаму як мақоли англисӣ ба хотирам расид: «Камбағал он нест, ки кам дорад, балки он аст, ки орзуҳои бешумор дорад». Эҳтимоли зиёд аст, ки он мард ҳанўз сатил дар даст вақте ки ордталабӣ мерафт, дар дил орзу дошт, ки рўзе соҳиби пул мешаваду зиёфати калон дода ҳамаро ба ҳайрат хоҳад гузошт.
Ҳама гуна урфу одат бо мафкураи мо аз овони тифлӣ хў мегирад. Кўдак аз волидайни худ ё сарфаву сариштаро меомўзад ё исрофкориро. Вазифаи қонуни мазкур низ ҳамин аст, ки бо роҳи манъ кардани исрофкориву хароҷоти беҳуда, насли навро дар рўҳияи сарфакорӣ тарбия намоем.
Ба лаҳни содатар ва маҷозан шарҳ диҳем, ин як бори гарони бефоидае буд дар дўши мардум, ки солҳои тўлонӣ аз бардоштани он ранҷ мекашиданд ва танҳо бозувони қавии Пешвои миллат ин бори гаронро аз дўши мардум дур андохт, то нафаси озод кашанд. Ё ба ибораи дигар ин ҳама хароҷоти гарон ва беҳуда мисли санги қаҳрамони асотирии Юнони қадим, Сизиф буд, ки ҳамарўза беҳуда бо заҳмати зиёд ба тори кўҳ мекашиду санг боз поин меафтод…

  • Сайёҳон ва меҳмонони хориҷие, ки ба кишвари мо ташриф меоранд, ба ин урфу одати марғуби мо чӣ назар доранд?
  • Борҳо мушоҳида кардаам, ки меҳмонони хориҷӣ ин расму оини «булаҷаб»-и моро дида, чи гуна ангушти ҳайрат мегазанд. Боре корманди яке аз созмонҳои байналмилалӣ ба таври малеҳ ишора кард, ки баъзе расму одатҳои моро комилан дарк карда наметавонад.
пешина
аз 601
навбатӣ