ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Фаразан? - суол кардам аз ў. Нақл кард, ки «дар шафати корхонаашон бонуи бешавҳаре зиндагӣ мекард, ки шаш кўдаки хурдсол дошт. Бону ва атфолашро, ки ҳоли хароб доштанд, мо ўро ба ҳайси фаррош ба кор даъват намудем, то андаке ба зиндагиаш кўмак шавад. Аз сари ҳар маош як миқдор маблағеро ба унвони хайр медодем, ки то кўдаконаш гуруснаву бараҳна нагарданду дар мактаб таҳсил кунанд. Вале рўзи иди Рамазон дар даст табақи шириниҳо ва дар тан либосҳои гаронарзиш ба корхона омаду кўдаконаш мисли ҳамеша побараҳнаву дур аз таҳсил буданд».
Як сайёҳи олмонӣ низ бо оҳанги ҳайрат нақл мекард, ки маро ба таъзия модари як нафар бурданд. Гумон мекардам, ки чун модарашро аз даст додааст, сахт рўҳафтодаву мотамзада аст ва дигарон мераванд, ки ўро дилбардорӣ кунанд. Вале мизҳои ороста пур аз нуқлу наво ва таомҳои мухталифро дидам… Ҳама гўё ба хурсандии модари фавтида зиёфат мехўрданду шахси мотамзада даст пеши бар ба ҳама «хуш омадед, меҳмонони модар» мегуфт ва пиру ҷавонро арзи сипос мекард. Нафаҳмидам, ки ин мотам буд ва ё маъракаи шукронаи фавти модар…
Ин хориҷиён аз куҷо донанд, ки вақте мардуми мо «хубӣ»-ҳои инсонро сифат мекунанд, қабл аз ҳама мегўянд, ки фалон намуд хонаву мошин ва либосу палос дорад, «дасткушод» аст, «дастархондор аст», «мардумро нон медиҳад»…
Ҳанўз соли 1899 иқтисодшиноси машҳури амрикоӣ Торстейн Бунде Веблен қошуқчаҳои нуқрагӣ ва корсетҳои занонаро (як ҷузъи либоси бонувон) нишони доштани мақому мартабаи олӣ дар ҷомеа номида буд. Дар асари машҳури худ «Назарияи табақаҳои бекорхўҷа» (Теория праздных классов) маҳфумеро бо унвони «истеъмоли намоишкорона» ворид кард, ки маънои он намоиш додани дороӣ ва мақоми баланди иҷтимоии худ аз тариқи истеъмоли сарватҳои моддӣ ва ҷамъ овардани ҳар гуна ашёи қимматбаҳо буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор