ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданШояд садсолаҳо қабл аз ин дар олами Ғарб, ки имрўз ба куллӣ тағйир ёфтааст, чунин буд, вале мо то ҳанўз дар банди ин «одат»-и бад қарор дорем. Ҳатто агар ба кишварҳои дигар муҳоҷират кунем ҳам, аз ин «одат»-и суннатии худ даст намекашем. Вагарна дар тўйи арўсии духтари худ ба як миллион доллар харидани куртаи тўёнаи як соҳибкори русиягии тоҷиктабор ҳаргиз сархати ахбори ВАО-и тамоми ҷаҳон қарор намегирифт.
- Пас моро зарур аст, ки дар интихоби худ ба фарҳанги Ғарб бартарият диҳем?
- Не, ин ҷо баҳс сари чизи дигар аст. Мо бояд беҳтарин анъана, расму оин ва арзишҳои миллии худро ҳифз намуда, аз урфу одати нолозим ва ба мо таҳмилшуда даст кашем. Зимнан барои ин ба мо зарурати пайравӣ ба ягон миллати дигар нест. Агар мардум осори безаволи ниёгони мо ва ё фаразан, китоби Пешвои миллат, Роҳбари муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро мутолиа кунанд, ба хубӣ дарк хоҳанд кард, ки то кадом андоза миллати мо соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг будааст.
Вале пайравӣ аз беҳтарин дастовардҳо, илму технологияи пешрафтаи кишварҳои мутараққӣ ҳамеша ба манфиати кор аст. Агар ба умқи таърих назар афканем, олимони Ғарб низ беҳтарин дастовардҳои илми тиб, нуҷум ва мисли инро аз олами Шарқ иқтибос кардаанд. Ва ё кишварҳои Шарқ мисли Ҷопон ва Чин арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро ҳифз намуда, бо истифода аз илму тамаддуни аврупоӣ ба яке аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон табдил ёфтаанд.
Агар дар мавриди фарҳанги кишварҳои Ғарб ҳарф занем, ин мавзўи баҳси дигар аст. Бартарӣ додан ба арзишҳои либералӣ дар Аврупо маҳфумҳоеро мисли миллат, ифтихори миллӣ комилан аз байн бурдааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор