ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданГумон мекунам дар ин замина таи чанд даҳсолаи охир фарҳанг ва маънавиёт дар Аврупо комилан рў ба инқироз овардааст. Агар дар гузаштаи начандон дур Мотсарту Коперник, Балзаку Леонардо да Винчи мояи ифтихори Аврупо буданд, имрўз мутаассифона Роналдову Месси ва Мейвейзеру Мак Грегорҳо ҷойгузини онҳо шудаанд. Тасаввур кунед, ки дар як рақобати чанддақиқаинаи худ бо Мак Грегор, Мейвезер соҳиби сесад миллион доллар шуд. Вале агар андеша кунед, ки ин қаҳрамони замони муосир дар зеҳни насли ҷавон ба ҷуз фарҳанги муштзўрӣ таъсири дигаре намерасонад, хеле риққатангез ва таассуфовар аст.
- Дар радифи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боз ба як силсила қонунҳои дигар низ тағйирот ворид гардиданд. Зарурати онҳоро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Тавре ки дар оғози сўҳбат таъкид намудам, қабули Қонун оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дар заминаи он ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба чанд қонуни дигар, дар ҷомеаи мо барои инқилоби маънавӣ ва фарҳангӣ замина фароҳам меорад. Чунки қонунҳои мазкур самти рушди ҷомеаи моро муайян месозанд, баробарии қишрҳои мухталифи ҷомеъа, масъулият ва ҷавобгарии онҳоро дар назди қонун таъмин менамояд. Биёед мутаваҷҷеҳ мешавем ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни маориф, кодекси маъмуриву ҷиноӣ ва мисоли ин…
Масалан, дар Аврупо сарвату дороӣ тўли садсолаҳо аз насл ба насл мегузарад. Шахсони сарватманд низ, ки арзиши сарвату дороиро дуруст дарк мекунанд, фарзандонашонро дар рўҳияи қаноатпешагӣ тарбия менамоянд. Аксарияти «олигархҳо»-и аврупоӣ ва фарзандони эшон хеле хоксорона зиндагӣ мекунанд ва ҳатто ҳангоми ба кор ё таҳсил рафтан бештар аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор