ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дорои худро ба намоиш намегузоранд. Вале дар кишварҳои пасошўравӣ, аз ҷумла дар кишвари мо вазъият каме дигар аст.
Пўшида нест, ки баъд аз истиқлолият як қишри ҷомеаи мо ба зудӣ соҳиби сарвату дороӣ шуданд. Вале фарҳанги онҳо дар ҳамон сатҳе, ки буд, боқӣ монд. Дороӣ ва сарват барои аксарияти оилаҳои мансабдор ва тоҷир ба мояи худнамоӣ табдил ёфт. Туҳфа намудани автомобилҳои қимматбаҳо ба фарзандон ва ё аз ҷониби «ҷавонони тиллоӣ» ташкил намудани мошинпойгаҳо дар кўчаҳои шаҳр, ки боиси садамаҳои мудҳиш гардиданд, ба донишгоҳу донишкадаҳо бо автомобилҳои тамғаи навтарин рафтан ба ҳукми анъана даромад.
Иқдоми созандаи Пешвои миллат, Роҳбари муаззами мо аз тариқи роҳандозии як қатор қонунҳои муҳим пеши роҳи ин ман-манӣ ва «мусобиқаҳои бемаънӣ»-ро гирифт.
Барои дар рўҳияи дигар тарбия ёфтани ҷавонон, масъулиятшинос шудани онҳо заминаи мусоид фароҳам омад.
Бояд тазаккур дод, ки тасмимҳои бесобиқа ва ташаббусҳои беназири Пешвои миллат на танҳо дар кишвари мо таҳаввулоти ҷиддиеро ба амал овард, балки барои кишварҳои дигар, ки ҳамин мушкилиро доранд, як роҳнамои мукаммал гардид. Имрўз пўшида нест, ки баъзе давлатҳои ҳамҷавор қонунҳои мазкурро ҳамаҷониба омўхта, роҳҳои татбиқи онро вобаста ба шароиташон мавриди баррасӣ қарор дода истодаанд.
Дар фарҷоми сўҳбат мехоҳам як нуктаро таъкид намоям. Татбиқи қонуни мазкур аз кору фаъолияти мову шумо, дигар ниҳоди дахлдор ва масъулияту хоҳиши ҳар фарди ҷомеа вобаста аст. Пас моро зарур аст, ки дар амри иҷрои он камари ҳиммат бубандем ва ҷомеаи худро аз банди ҷаҳолату таассуб раҳо созем.
- Ташаккур барои сўҳбати самимӣ ва пурмўҳтаво.
Душанбе, с.2017

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор