ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданНАЗДИ ОНҲО ҲИҶОБ БА УНВОНИ
ПАРЧАМ АСТ…
Сўҳбат ҷолибе доштем бо шахси соҳибмаърифат ва озодандеша, шаҳрванди Канада ҷаноби Парвизи Шаҳчароғӣ, дар мавриди сиёсат ва дин, пайдоиши решаҳои ифротгароӣ ва раҳ ёфтани андешаҳои таасубӣ ба зеҳни мардум, ки манзури хонандагони ҳафтанома мегардонем.
- Ҷаноби Парвиз Шаҳчароғӣ, хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нахуст мехоҳам таассуроти Шуморо дар бораи Тоҷикистон бифаҳмам. Ёд дорам даҳ сол қабл аз ин ба кишвари мо ташриф оварда будед, имрўз онро чӣ гуна мебинед?
- Воқеан дуруст мегўед, 10 сол қабл ба Тоҷикистон омада будам. Ин даҳ соли дигар моҳшуморӣ мекардам, ки кай фурсат даст бибиҳад, ки боз ба Тоҷикистон оям. Чун Тоҷикистонро порае аз сарзамини бузурги ниёгони мо медонам. Бо мардумаш ҳамеша муҳаббат меварзидам ва ҳамчунин ҳам ҳаст. Вақте аз Ванкувери Канада тавассути Франкфурти Олмон ба ҳавопаймои Сомон-Эйр нишастам, шояд барои Шумо боварнокарданист садои тоҷикиро шунида, ашк дар чашмонам ҳалқа мезад, мисли ин, ки ба хонаи худ мерафтам ва бастагонамро (пайвандон) медидам.
Барои ман ва ҳамаи мо меҳанпарастон ҳавзаи фарҳангии тоҷику форс муқаддасу бузург аст. Ман бо вуҷуди он, ки бо баъзе иллатҳо Эронро тарк намуда, чанд соли ахир шаҳрвандии Канадаро пазируфтаам шунидани ҳарфи ниёгон ҳамеша хуш аст.
Ман ба ҳайси як эронӣ гоҳо фикр мекунам, ки чаро Эрон ба ҷои дастгирии размандагони мазҳабӣ дар кишварҳои даргир сармояи худро барои рушди кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзабонаш мисли Тоҷикистон ва Афғонистон сарф намекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор