ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бубинед, ки агар сармояҳои Эрон чанд соле қабл барои пуружаҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон равона мешуданд, имрўз ба манфиати тамоми минтақа, ба хусус Афғонистон буд. Ин танҳо назари ман нест, балки назари кулли меҳанпарастон аст, ки бо умеди дер ё зуд ба ҳуввияти мардумӣ расидани Эронанд. Бар ин боварем, ки рўзе захираҳои бузурги нафту гази Эрон барои ободии ҷумҳурии ҳамсояву ҳамзабон мисли Тоҷикистон ва аз чанголи ҷангу хушунат ва фақр раҳо ёфтани Афғонистон равона хоҳад шуд.
Чаро ба ин мутмаинам? Бубинед, ки имрўз дар ҷомеаи Эрон, ки фарҳанги қадима ва ориёи дорад ифротгароӣ кам ва шояд комилан ба назар намерасад. Он чӣ, ки Шумо мебинед ин ғолибан хушунати давлатӣ ва ҳукуматӣ аст, ки эътибори Эронро дар ҷомеаи башарӣ паст мезанад.
- Яъне барои мардуми оддии Эрон ин эҳсос бегона аст?
- Бале, бубинед, ки имрўз ба Эрон гардишагарони (сайёҳони) зиёде аз кишварҳои Амрико, Аврупо ва Чину Ҷопон ташриф меоранд ва ман то ҳануз нашунидаам, ки мардуми одӣ бо онҳо муомилаи дурушт дошта бошанд ё тавҳин бикунанд. Баръакс мисли мардуми Тоҷикистон хеле меҳмоннавозу таҳаммулпазиранд. Имрўз беш аз шаст ҳазор хонавода дар Эрон сабт шудаанд, ки ҳамасола гардишгарони хориҷиро ба таври ройгон пазироӣ мекунанд.
Назири ҳамин чиз дар Тоҷикистон низ зиёд ба мушоҳида мерасад.
Мехоҳам ба посухи нахустсуоли Шумо баргардам. Даҳ соли қабл, ки ба Тоҷикистон омада будам камбуди барқу газ ва мисли ин ба назар мерасид. Он рўзҳо дар шаҳри Хуҷанд яке аз дўстонам нақл кард, ки дар баъзе рустоҳо фасли зимистон ҳатто то ду соат барқ медиҳанд. Роҳҳо ноҳамвор ва хатарнок буданд. Ҳавопаймоҳои кўҳнаи Шуравӣ парвоз мекарданд, ки хеле тарсовар буд. Имрўз мебинам, ки фурудгоҳҳо хеле зебо ва замонавӣ шудаанд, ҳавопаймоҳо ҳама «Боинг», ки аз сервиси кишварҳои ғарб ҳеҷ фарқе надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор