Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шаҳрсозӣ, ки ин чанд соли охир рух додааст барои ман боваркарданӣ набуд. Бо ҳамаи он сармояе, ки Эрон дорад дар Теҳрон ин қадар хиёбону иншооти нав бунёд нашудааст. Ин сохтмонҳое, ки тўли даҳ сол Шумо бунёд кардед дар Теҳрон ба муддати чиҳил сол насохтаанд. Як масҷид, ки бо унвони «Масҷиди Мусаллои Теҳрон» маъруф аст, ки аз «Кохи Навруз»-и Шумо бештар нест, вале онро беш аз сӣ сол месозанд ва маблағи бамаротиб бештаре ҳам сарф кардаанд, вале ҳанўз тамом нашудааст. Кохи Наврўзро, ки ба ин зуддӣ сохтаед ва меъмории беназири он, ки ҳувияти миллӣ дорад ҳазор раҳ беҳтар аз сохтмонҳои ошуфтаиву на классик ва на мудерни Теҳроншаҳр аст, ки инро ба шумо ба ҳайси як муҳандиси сохтмон арз мекунам. Биноҳое, ки дар Душанбе дидам ҳама дар доираи санъату ҳунари миллӣ бо омезиши модерн сохта шудаанд. Кайфияти сохтан хеле арзишманд буда, асари ҳеҷ меъмории бегона ба назар намерасад. Ба лиҳози покизаигии шаҳрӣ ва рафтори иҷтимоӣ ҳамаи инҳо воқеан ҳам нишони пешрафтагист.

  • Лутф кардед…
    Ман ин ҳарфҳоро на ба хотири хушоянд будан ба Шумо мегўям. Бовар кунед ман рушди кишвари Шуморо бо даврони шоҳии Эрон муқоиса кардам ва ба баъзе дўстони тоҷики худ гуфтам, ки ҳаргиз носипосӣ накунед.
    Бубинед, ки чи гуна Эрони давраи Ризошоҳи Паҳлавиро, ки обод буд, озод буд ва рўҳияи пешрафта дошт, мазҳабиён дар як лаҳза ба хоки сиёҳ нишонданд.
    Ҳамингуна афроди носипос, бо вуҷуди он, ки зиндагӣ хуб буду мардум эҳсоси амният мекарданд дар давраи Шоҳ низ дар Эрон ба назар мерасид. Бубинед, ки мардум ҳамеша ва дар ҳама ҷо зиндагии хубтару беҳтар аз бударо мехоҳанд.
пешина
аз 601
навбатӣ