Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Имрўз агар дар Ванкувери Канада аз мардум суол кунед, ҳамин шикоятиро мешунавед, ки музд кам аст, шуғл нест… Дар Канада беҳтарин хадамот ба ниёзи мардум ҳамеша расидагӣ мекунад, як соати кор 12 доллар аст, вале боз ҳамин ҳарфҳоро мешунавед…
Яъне, носипосӣ гоҳе метавонад ба вазъи бадтаре замина гузорад?

  • Бале. Манзури ман аз ин ҳарфҳо ин аст, ки мехоҳам мардуми тоҷикро ҳушдор диҳам: -ун иштибоҳе, ки мо солҳои панҷоҳуми қарни гузашта кардем, шумо накунед.
    Ҳамаи ин мушкилоти иҷтимоӣ ҳал шуданист. Нагузоред, ки аз ин вазъ муллову диндорони шумо истифода баранд.
    Инҳо, ки сари қудрат омаданд на танҳо мол, балки илму фарҳанг, мактаб, зеҳн, андеша, имон ва виҷдони шумо ва ҳатто шодиву хурсандии шуморо ҳам хоҳанд дуздид…
    Вале барои ман ин чиз шигифтовар аст, ки ҳанўз даҳ сол қабл вақте бо мардуми шумо суҳбат доштам исми онҳо бештар тоҷикии ориёӣ буд. Имрўз вақте дар ҷодаҳо бо ронандагони ҷавон токсӣ, ки беш аз 20-22 сола нестанд, суҳбат мекунам исми ҳамашон арабӣ аст. Шояд ибтидо ба назар расад, ки ин ҳеҷ айб надорад. Аммо… Ба фарзанд гузоштани номи бегонаи арабӣ ва ор кардан аз исми зебо ва пурмаънои тоҷикӣ худ нишонаи мазҳабӣ будани андеша ва афкори волидайн аст, ки хатар дорад.
    Шумо имрўз як испонӣ ё инглисро намебинед, ки ба фарзандаш номи миллати бегона, мисли туркӣ, арабӣ ё олмониро гузорад ва ё ҳадди ақал ин амал сартосарӣ нест.
    Форсҳо ягона мардуманд, ки таърих, фарҳанг ва кеши онҳо бо номашон рабте надорад. Имрўз вақте, ки мо дар аврупо номамонро мегирем моро бо араб яке мебинанд, яъне фарқ намегузоранд. Ин яке аз нишона ва намунаҳост, ки аз мазҳаби шудани зеҳни мардум дарак медиҳад.
  • Имрўз дар Тоҷикистон феҳристи номҳои тоҷикӣ тартиб дода шудааст, ки бояд шаҳрвандон ҳангоми номгузорӣ аз он истифода кунанд…
пешина
аз 601
навбатӣ