ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Ин ба унвони ҳимоя аз арзишҳои миллӣ ва муқобила бо бегонагароӣ хеле хуб аст.
- Хуб, ба унвони дигар нишонаҳо чӣ далел доред?
- Нишонаи дигар давлатгурезӣ аст. Чизе, ки дар Эрон рух дода буд, яъне ҷудоии байни давлат ва ҷомеа-миллат…
Имрўз бояд ба хеле нигарон буд, ки азҳоб ва ҳаракати диниву мазҳабӣ бо таблиғоти нарм байни мардум ва давлат ҷудоӣ наандозанд. Бубинед, таълимоти онҳо ҳарчанд хилофи сохти демократӣ аст, онҳо бештар аз демократия ва озодиҳои ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд, мардумро фирефта мекунанд. Имрўз мушкили Тоҷикистон демократия нест.
Қувваҳои радикал мехоҳанд бо истифода аз демократия ва боварии мазҳабии мардуми тоҷик сари қудрат биёянд ва мутмаин бошед, ки баъд аз як моҳи қудрати онҳо дигар нишоне аз демократия нахоҳад монд.
Сохти демократӣ низ бо ҳамаи хубиҳош баъзе мушкилоти ҷиддӣ дорад. Имрўз дар Канада ва ё як кишвари дигари аврупоӣ онҳоеро, ки ба ДОИШ ҳамроҳ шудаву даст ба қатлу куштор задаанд, аз Сурияву Ироқ бозмегардонанд ва гоҳе мешавад, ки як ҳимоятгари варзида онҳоро аз додгоҳ озод мекунад ва боз пайи ҳамун кори наҳсашон мераванд.
Нагузоред, ки мисли Эрон мардумро бо ҳамаи он, ки донишманду соҳибилм буданд, гумроҳ кунанд. Беш аз чиҳил сол аст, ки аз ун демократияи ваъдашуда танҳо зоҳир боқӣ мондааст… - Бале, ҳамин сохтори демократӣ боиси сари қудрат омадани шахсиятҳое мисли Мусолинӣ ва Ҳитлер дар ҷомеаи пешрафтае мисли аврупо гардид… Суоли дигари ман ин аст, ки сохти давлати моро ба унвони дунявӣ ва секулярӣ мешиносанд. Яъне мо ин мувозинатро ҳамеша нигаҳ медорем, ки дин аз давлат ҷудо бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор