Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Назари Шумо дар ин маврид?

  • Роҳи интихобкардаи Шумо сад дар сад дуруст аст. Ин бузургтарин арзиш аст, ки дар баъзе ҳолатҳо дар шароити Тоҷикистон аз сохти демократӣ афзалиятҳои бештаре дорад. Дар кишварҳои Ховар бояд дин ҳеҷ гоҳ ба умури давлат ва ҳукумат дахолат накунад. Ин на танҳо назари ман, балки назари бузургони андеша аст, ки ҳамеша таъкид мекунанд. Агар мо ба дарозои таърихи худ назар андозем, ҳатто беш аз ду ҳазор сол қабл, ки подшоҳони мо аз мафҳуми демократия огоҳ набуданд, ҷудо будани динро аз умури давлатӣ ба хубӣ эҳсос мекарданд. Ҳамин раводорӣ, ки дар сарзамини бостонии мо динҳо паҳлўи ҳамдигар бо муросову оштӣ қарор доштанд, гувоҳи ин аст. Агар давлат динӣ мебуд яҳудиён ҳанўз дар давлати Куруш ба сарзамини мо роҳ намеёфтанд ва ба осоиш зиндагӣ намекарданд.
    Худи Куруши бузург яке аз маъруфтарин секулярҳо дар замонаш буд. Агар ин тавр намебуд, вақте Куруши Кабир ба Бобул ворид мешуд, худои онҳо Мардукро ситоиш намекард ва эҳтиром намегузошт. Дар давлати ў бобулиён бо дини худ, яҳудиён бо дини худ ва форсҳо бо дини худ буданд ва ў ҳамаи инро гиромӣ медошт. Ҳатто дини Зардуштиро, ки аксарияти мардум ба он эътиқод доштанд намегузоштанд, ки бар дигар динҳо ғолиб бошад, бартарият дошта бошад. Пас ин идеяи ҷудоии дин аз давлат дар фарҳанги ниёгони мо ҳамеша будааст. Пешвои муаззами Шумо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориси Куруши Кабир аст, ки ба қадри ин арзишҳои бунёдӣ мерасад.
    Шояд ҳамин ҳуввияти фарҳангӣ аст, ки имрўз мардуми эронӣ даст ба тазоҳурот мезананд. Мехоҳам қиссаеро ба Шумо нақл кунам. Чанде қабл ҳангоми Наврўз дар Эрон будам. Ба руфтагаре (фаррош), ки ҳар субҳ роҳ мерўфт ба хотири ҷашни Наврўз чизе туҳфа кардам.
пешина
аз 601
навбатӣ