ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан– Чи рўзи баде расидааст, -мегуфт бо таассуф руфтагар. Чӣ шуд? -суол кардам аз ў. Сар такон медод ва мегуфт, ки рўзе нест, ки даруни ин ашғол (партов) чанд китоби мазҳабиеро пайдо накунам. Чун рўфтагар мўйсафеди мутаассибе буд чизе нагуфтам, вале андеша кардам, ки бубин кор то куҷо расидааст. Бо вуҷуди он, ки шабакаҳои телевизиони давлатӣ аз субҳ то шом бо охундҳои худ таблиғи дину мазҳаб мекунанд, мардум китоби эшонро дар партовгоҳҳо меафкананд.
Чаро ин тавр шуд? Ҷомеаи имрўз ҷомеаи сад соли пешин нест. Мардум гуфтор, рафтори рўҳониёнро муқоиса мекунанд ва ба хулоса меоянд.
- Пас чӣ омилҳо сабаб гардид, ки ҳукумати шоҳӣ сарнагун шуд?
- Яке аз мушкилии ҳукумати шоҳӣ дар он буд, ки хондану таҳқиқи рисолаҳои динии Оятуллоҳ Ҳумайнӣ дар ҷомеа мамнўъ буд. Касе намедонист, ки оқои Ҳумайнӣ дар китобҳояш чӣ навишта буд. Касе намедонист, ки аввалин шахси мухолифи ҳаққӣ райъи занон дар интихобот ҳамин оқои Ҳумайнӣ буд. Охундҳо ба майдон фурў рехтанд, давлат онҳоро саркўб кард, вале асли аъмоли эшонро ошкор накард. Мардум чун аз назару андешаҳои аслии Ҳумайнӣ огоҳ набуданд, китобҳои ўро хонда ва таҳқиқ накарда буданд, фиреб хўрданд. Олимон ва сиёсатмадорони Шумо бояд гуфта ва навиштаҳои мутаассибони диниро таҳқиқ ва ташреҳ кунанд ва ба гўши мардум бирасонанд, то ҷомеа аз таҳвину хатари эшон огоҳ бошад. Ҳумайнӣ китобҳое дошт бо унвони «Кошиф-ул хитоб», «Кашф-ул асрор», ки дар онҳо тамоми идеологияи давлати исломиро ташреҳ карда буд. Ин китобҳоро ҳатто рўшанфикрони мо нахонда буданд, ки вакилон, ҳуқуқдонҳо, сиёсатмадорон аз ҷабҳаи миллӣ буданд ва аз соири кишварҳои мутараққии ҷаҳон пушти ў гирд омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор