ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Китобҳои Марксу Ленинро хонда буданд ва метарсиданд, ки идеологияи комунистӣ дар Эрон ғалаба накунад, вале аз идеологияи мазҳабӣ ғофил монданд. Ҳол он, ки дар Тоҷикистон таълимоти марксистӣ нуфуз пайдо кард ва хуб, ки вазъи он мисли Афғонистону Эрон нашуд. Бубинед, ки имрўз дар Афғонистон на амният аст, на оромӣ ва на озодӣ. Таассуб то ҷое кашидааст, ки бонуи бегуноҳеро мисли Фархунда бо иттиҳоми ҳарфи беҳудае ваҳшиёна сангсор карданд.
Манзури ман ин аст, ки ба ҳарфҳои зоҳирии ашхосе мисли Кабирӣ ва ҳизби ў фирефта нашавед. Вақте аз Ҳумайнӣ пурсиданд, ки ҷомеаи исломӣ чӣ гуна мешавад, посух дод, ки мисли Фаронса. Пурсиданд, ки озодии исломӣ чист, гуфт, ҳама озоданд ва ҳатто коммунистон. Вале вақте, ки вориди Эрон шуданд нахустин коре, ки даст заданд куштори комунистон ва дигарандешон буд. Зарфи чанд ҳафта танҳо ҷавононе, ки синнашон зери 30 буд беш аз чаҳор ҳазор нафар дар зиндонҳо ба дор кашида шуданд.
Ҳатто беморонеро, ки ба по намеистоданд аз дасташон мебардоштанд то сарашон ба ҳалқаи дор расад. Ин гуфтаҳои тахайюлии ман нест, балки ҳар яки ин санад, аксҳо ва филмҳо дорад. Ман ҳанўз дар бораи қатли нахустин вазири зан, ки вазири фарҳанг буд, сарфармондеҳу афсарони артиш, ки сарсупурдаи Ватан буданд ва онҳое, ки бенишон нопадид шуданд чизе нагуфтаам. Инро занони мо намедонистанд. Вақте сўи хиёбон раҳпаймоӣ мерафтанд ва нидои «Дуруд ба Ҳумайнӣ» мезаданд рўсариву ҳиҷоб надоштанд ва касе аз охундҳо намегуфт, ки аввал рўсари кун баъд ба тазоҳуроти мо ҳамроҳ шав. Аммо Ҳумайнӣ, ки ба Ватан баргашт рафтанд ба дидораш, гуфтанд ҳар кас, ки ҳиҷоб надорад роҳ надиҳед ва муҷозот кунед.
Имрўз, ки Кабирӣ ва атрофиёни ў ҳарфи зебо мезананд, чун ба қудрат расанд аз охундҳову толибон ҳеҷ фарқе нахоҳанд дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор