Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ислом истилоҳе ҳаст бо унвони «тақия». Инҳо тақия мекарданд, ки маънии он то замоне, ки сари қудрат нестӣ нияти аслии худро пинҳон дор. Яъне дурўғ гуфтану фиреб карданро фатво дода буданд. Шумо нагузоред, ки онҳо дар Тоҷикистон низ тақия кунанд. Нагузоред, ки нияти аслии онҳо аз назари мардум пинҳон монад.
Агар чаҳор нафари онҳоро ба телевизион даъват бикунеду як рўзноманигори қавии забондон суол диҳад, ки бобои мулло оё чаҳор зан гирифтан дар ислом дуруст аст?
Оё дуруст аст, ки духтарон дар мактабу донишгоҳҳо таҳсил накунанд? Оё дуруст аст, ки духтари ноболиғро ба шавҳар диҳанд? Метавонад, ки инкор кунад? На! Болотар аз ними ҷамъияти Тоҷикистон, яъне беш аз чаҳори миллион зан аст ва вақте хостаҳои аслии онҳоро фаҳмиданд, бовар дорам, ки ҳатман ба даҳонашон мезананд.
-Боз кадом кори муассиреро бояд анҷом диҳем, ки ифротиён дар ҷомеа нуфуз пайдо накунанд?

  • Шумо дидед, ки як рўҳонӣ бо кори манфиатворе дар ҷомеа даст зада бошад? Аввалин коре, ки бояд карда шавад онҳоро аз манобеи молиашон ҷудо бикунед. Бояд ҳамеша пайгирӣ шавад, ки пул барои онҳо аз куҷо меояд. Бояд ҳисоби бонкии онҳо таҳти назорат бошад. Бубинед, ки имрўз мову шумо агар мехоҳем, ки коре бикунем душвории маблағгузорӣ пеш меояд, вале дар аврупо дар ихтиёри Кабирӣ садҳо ҳазор евро гузошта шудааст. Имрўз чаро як нафар коргар барои пайдо кардани ғизо мушкилӣ мекашад, вале инҳо, ки ҳеҷ ҷо кор намекунанд имкон доранд, ки ҳар сол барои ҳаҷ ба Макка раванд? Чаро ки бозориёну мардуми мутаассиб, ки бехудона аз думболашон медаванд, эшонро аз лиҳози пул таъмин мекунанд. Аз таассубу бесаводии мардум аст, ки худашон дар тиҳидастиву бечорагӣ қарор доранд, вале аз ҳисобашон мулло ду се зан дораду зиндагии хонаводагиаш аз ҳама имконот бархўрдор аст.
пешина
аз 601
навбатӣ