Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Худашон намедонанд, ки ин эътиқоду муҳаббати кўр-кўронаашон рўзе ба сарашон бало меорад. Шумо бояд дар ин замина кор баред, ки таассуб аз замири мардум решакан шавад.
Хуб ин, ки мақомоти қудратӣ ифротиён ва террористонро пайгирӣ ва ҳабс мекунад, ҳанўз мисли даравидани рўи алаф аст. Яъне буридани як гиёҳи ҳарза, ки ҳанўз решааш дар замин пинҳон аст. Сохтори амниятӣ вазифаи худашонро анҷом медиҳанд, ки дуруст аст, яъне ҷомеаро безарар мегардонанд. Вале зери ин реша бояд тамоми риштаҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кор кунанд, то ин гиёҳи мурдор дигар сабз нашавад.
Дигар коре, ки дар ин замина муҳим аст, ҳар ифротгароеро, ки дар дохили ҳукумат аст бояд берун кард.
Дастгоҳи давлативу девону лашариву амниятӣ бояд аз ҳар одаме, ки назару андешаи ифротӣ дорад, пок шавад. Касе, ки занаш рўсарӣ мекунаду намегузорад, ки духтараш дар донишгоҳҳо таҳсилашро идома бидиҳад, ў дунявӣ ва ё ба истилоҳи дигар секулярӣ нест, балки боварманд аст.
Дар ҳеҷ ҷои Қуръон ҳарфе дар мавриди ҳиҷоб нест.
Агар касе мехоҳад, ки дар ин маънӣ ба Қуръон истинод кунад, наметавонад далеле пайдо кунад. Ҳиҷобро ифротиён оварданд, чунки абзори контроли мардум аст. Ман аз чанд охунди шинохта суол кардам, ки оё дар Қуръон ояте ҳаст, ки ҳиҷоб гирифтанро барои бонувон ҳатмӣ шуморад? Ҳама инкор мекарданд, вале идао мекарданд, ки гарчӣ далели нақлӣ надорад, ҳароина ақлӣ аст. Яъне гарчанде, ки дар китобҳо зикраш нарафтааст, инҳо ба «ақл»
дарёфтаанд, ки беҳтарин василаи контрол аст.
Ҳиҷоб барои ифротиён мисли парчам аст. Чун парчамашон аз даст рафт дигар қудратро ҳам аз даст медиҳанд.
Метавонанд дар ҳолати зарурат аз ҳама чиз гузашт кунанд, аммо ҳиҷобро раҳо нахоҳанд кард.

пешина
аз 601
навбатӣ