Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар байни вакилону вазирону мудирон набояд онҳое бошанд, ки ду занаву сезанаанд ва ё муҳити хонаводагиашон сатрпўш бошанд.
Чун шахси давлатманд (масъул), ки дузана аст, чӣ гуна метавонад аз ҳуқуқи зан дифоъ кунад, ки аз шартҳои муҳими давлати дунявӣ ва демократӣ аст?

  • Ҳарфҳои Шумо дар боби парчам ва ҳиҷоб, воқеан ҳам ҷолиб буд…
  • Бубинед, ки агар ин ҷо сад зани саркушода муқобили як зани ҳиҷобдор қарор бигирад, занҳои саркушода дарҳол бо эҳсоси хатар худро ҷамъ мекунанд. Чун, ки афкори онҳо ифротӣ нест ва мағзашон олуда нашудааст. Вале зани ҳиҷобдор агар касе ташхис диҳад, ки занҳои саркушода мурдору муртаданд омода аст, ки ҳамаи инҳоро пора-пора бикунад. Дар сари ў ҳамеша ин андеша ҳаст, ки ман бартарам, ҷойгоҳам назди Худо болотар аст ва ҳақ дорам, ки ҳамаи мардумро довар бошам. Ислом чун ба сиёсат омехт аз намодҳое мисли таблиғу таҳоҷум иборат хоҳад буд, ки пайравони худро аз дигарон тафовут медиҳад.
    Вақте мо динро ба унвони як мавзўи фардӣ нигоҳ мекунем, ниёзе ба тазоҳур надорем. Ман метавонам бо ҳар дину оине, ки дорам равам дар хона намоз гузорам ва бо Худои худ бо оромиш ниёиш кунам. Вале исломи радикалӣ мехоҳад қудрати худашро нишон бидиҳад. Фаразан дар Истамбули Туркия, ки аслан на кишвари аврупоисту на осиёист, масҷидҳои зиёде ҳаст. Аммо теъдоде аз мусалмонон ба ҷои он, ки бираванд дар масҷид намоз гузоранд, бештари вақт дар сари роҳу хиёбонҳо ин корро анҷом медиҳанд. Чаро? Мехоҳанд қудрати худро ба намоиш бигзоранд, мехоҳанд ки заҳри чашм бигиранд, дар дили мардум тарсу ваҳшат эҷод мекунанд, то дар онҳо эҳсоси озодӣ набошад, ҳарфи дилашонро гуфта натавонанд.
    -Чаро вақте, ки бо теъдоде аз ин диндорони мутаассиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мекунӣ, дарҳол бо ҳарфи дурушт ва алфози қабеҳ посух медиҳанд?
пешина
аз 601
навбатӣ