ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Усули баҳси инҳо ҳамин аст. Тавре, ки дар боло гуфтам онҳо ҳеҷ баҳсро қабул надоранд. Аслан ба дин ҳам эътиқод надоранд ва онро ба ҳайси як абзори зиндагӣ истифода мекунанд. Дар байни мусалмонони одӣ мардуми поке низ ҳастанд, ки ҳатто мўреро озор намедиҳанд. Ба зиндагӣ ва эътиқоди касе ҳам кор надоранд. Вале ифротиҳо бо ин ҳама дигаронро наҷасу муртад эълон доштаанд, омодаанд, ки даст ба куштору қатл зананд. Бо нидои «Аллоҳ Акбар» ба корҳое даст мезананд, ки ҳатто мояи таҳайюри иблис аст.
Чаро мо мисли онҳо, ки шеваи ваҳҳобиро пеш гирифтаанд ба дуруштиву лафзи қабеҳ баҳс намекунем. Мисли онҳо таҳдид ба қатлу сар задан намекунем. Чунки касеро ва ҳатто ҷонвар ва ё дарахтеро ба хотири зинда буданаш озор надодан ҷузъе аз омўзаҳои куҳани фарҳанги ниёгонамон будааст. Ба хотири ин, ки зерсохти фикрии мардуми тоҷик, ҳофизаи таърихии он аз азал гиромӣ ва пок доштани чаҳор унсур обу хоку боду оташ аст. Чӣ ҷои баҳс, ки инсон ва ё ҷонвареро озор диҳад? Хўи меҳрубонӣ ҳазорсолаҳо дар хуни мардуми тоҷик парвариш ёфтааст. Бубинед, ки теъдоди ҳамаи ифротгароён дар Тоҷикистон як фисад ҳам беш нест. Онҳо ҳам, ки мағзашон шустушў шудааст ва дигар аслу насаби худро фаромўш кардаанд, дигар тоҷик нестанд, балки як ваҳҳобиву салафиву таҳрирӣ ҳастанд, ки бо вуҷуди кам будани теъдодашон хеле хатарноканд. - Пас барои шустушўи мағзӣ нашудани ҷавонон бояд чӣ кард?
- Барои ҷомеа бештар ун касоне хатарноканд, ки аз кўдакӣ шустушўи мағзӣ мешаванд. Чаро аксари интиҳориёни афғон мардуми пушту ҳастанд? Чаро, ки онҳоро аз хурдӣ дар мадрасаҳои Покистон ба ин кор омода мекунанд. Чаро як марди бузургсол аз ин фирқа даст ба интиҳор намезанад, вале ҷавононро ба ин кор раҳнамоӣ мекунад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор