Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Чаро ки бовар надорад, ки худро тарконаду муъҷиби куштори чанд одами бегуноҳ шавад, биҳишт меравад. Ин корро танҳо ба хотири сарвату қудрат мекунад. Толибон дар Афғонистон пойгоҳҳо доранд, ки дар онҳо кўдаконро аз хурдсолӣ ба террор таълим медиҳанд. Ҳатто дар Сурия ҷангиёни ДОИШ курдону эзидиҳоро мекушатанд ва кўдакони онҳоро дуздида, дар ўрдугоҳҳо бомба бастану сар задану кушторро меомўхтанд. Дар мағзи онҳо хушунату бадбиниро нисбати дигарон ҷо мекарданд. Илми равоншиносӣ собит намудааст, ки ҳар қадар инсон ҷавонтару содаву камақлтар бошад, шустушўи мағзии он кори сахт нест.
Мо кўдакони худро аз кўдакистонҳо чунин тарбия диҳем, ки дурусту бадро бо хирад санҷад. Бояд илму дониш омўзад. Ҳар қадар инсон аз хурдӣ ба донишу маърифат алоқамандӣ пайдо кард, ҳамон қадар рушд мекунад, аз таассубу ҷаҳолат дур мешавад. Яъне мо бояд ба фар- зандони худ шеваи дуруст андешиданро биомўзем. Ҳар андешае, ки то синни ҳафт-нуҳсолагӣ ба мағзу зеҳни кўдак ҷой кардед, то охири умр ба он содиқ мемонад. Пас дуруст нест, ки ба ҷои мазҳабу хурофоту чизи дигар ба кўдак илму маърифат диҳем?
Имрўз гумон мекунам Тоҷикистон фаъолияти як ниҳоде ниёз дорад, ки шояд ба унвони як Созмони парвариши андеша роҳандозӣ шавад. Ин созмон бояд аз тариқи расонаӣ кардани ормонҳои миллӣ, андешаҳои солим, суханрониву шеъру суруд, филмҳои ҳунариву мустанад ба афкори мардум роҳ ёбад. Ҳамбандон, яъне узви ин созмон метавонанд, олимон, сиёсатмадорон, устодони дабистонҳо бошанд. Гирди ин созмон бояд шахсиятҳои шинохта, донишварону андешамандон ҷамъ шаванд ва пеши мардум бираванд ва бо забони содаву фаҳмо, бо забони коргару кишоварз бо онҳо суҳбат бикунанд.

пешина
аз 601
навбатӣ