Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳизби созандаи Шумо тавре, ки итилоъ дорам дар тамоми навоҳиву шаҳристонҳо дафтари (сохтори) худро дорад. Вале мутассибони динӣ аз ҳар минбари масҷид, ки дар шаҳраку рустоҳо ҳаст ба унвони дафтару ситоди худашон истифода мекунанд. Бояд Шумо нагузоред, ки масҷидро инҳо ба унвони як пойгоҳи сиёсӣ, ҳизбии худ истифода кунанд. Мо дар шаҳру рустоҳо бояд анҷуманҳое, ки тавонанд мардум ҷамъ шаванду ҷойгузини масҷидҳо бошад дуруст кунем. Масҷид ҷои ибодат аст на баҳсу сиёсат. Ин бархўрдҳое, ки Ҳукумати Шумо имрўз бо масҷидҳо дорад комилан дуруст аст ва хилофи ҳеҷ қавонини башарӣ нест.

  • Сипос барои як суҳбати фарогир ва самимӣ.
  • Банда низ сипосгузорам, ки як имкони мусоид барои баёни назару андешаҳоям фароҳам овардед.
    Душанбе, сентябри с.2018

ЖУРНАЛИСТИКАИ СИЁСИИ МО ДАР КАДОМ
САТҲ АСТ?

Журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон новобаста аз сохти давлатдорӣ аз давраҳои нашри нахустин рўзномаву маҷаллаҳо ҳамеша мавҷуд буд. Фарқ танҳо дар ин аст, ки ин маҳфум дар давраҳои мухталиф ба тарзи гуногун шарҳ дода мешуд. Фаразан агар дар давраи Шўравӣ журналистикаи сиёсӣ бештар ба масоили байналмилалӣ дахл менамуду идеологияи як ҳизб ва бартарияти як сохтро таблиғ мекард, солҳои навадуми қарни гузашта фаъолияти он нисбатан густурдатар ва фарогиртар ба назар мерасид.

Дар аҳди Шўравӣ фаъолияти журналистони сиёсӣ
бештар дар чорчўбаи «таблиғу тарғиб»-и як ҳизб маҳдуд мегардид ва онҳо бояд аз ин дид фаъолият менамуданд, ки ягона мавқеи дуруст дар арсаи байналмилалӣ мавқеи Ҳизби Коммунистӣ аст ва сохтори давлатҳои ҷаҳони Ғарб пайваста мавриди интиқод қарор мегирифт.

пешина
аз 601
навбатӣ