ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Солҳои навадум дар Тоҷикистон давраи тавлид ва эҳёи журналистикаи нав, аз ҷумла журналистикаи сиёсӣ гардид. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон воқеан ҳам такони ҷиддие ҷиҳати ташаккулёбии журналистикаи нав гардид. Ин рўйдоди муҳими сиёсӣ тақозо намуд, ки рўзноманигорон мавқеъ ва ҷаҳонбинии худро то андозае тағйир диҳанд. Дар Тоҷикистон нахустин рўзномаҳо арзи ҳастӣ намуданд, ки дигар назари худро оиди ин ё он масъала нисбатан озодтар баён менамуданд. Вале ҳанўз ташаккул наёфтани мактаби нави журналистика, набудани таҷрибаи кофӣ дар журналистикаи бидуни сензура, тарбия наёфтани рўзноманигорони насли нав, то андозае фаъолиятро дар ин самт душвор мегардонид.
Хуб дар хотир дорем, ки фаъолияти ҳар як ҳизб, ҳаракат ва ё гурўҳ, новобаста аз он, ки ба ояндаи ҷомеа ва давлат таъсири мусбӣ ва ё манфӣ мерасонад, ба хотири ин ки як падидаи нав дар фазои сиёсӣ аст, мавриди таблиғу ташвиқ қарор мегирифтанд. Баъдан собит гардид, ки як бахши умдаи ин гурўҳҳо на ба манфиати ҷомеа, балки ба хотири пиёда сохтани ҳадафҳои муғризонаи худ фаъолият менамуданд ва ҷиҳати мустаҳкам намудани мавқеи худ дар ҷомеа аз имкониятҳои ВАО ба таври густурда истифода мекарданд.
Имрўз вазъият комилан тағйир ёфтааст. Тўли чанд соли ахир мактаби нави рўзноманигории тоҷик ташаккул ёфт, ки беҳтарин анъанаҳои журналистикаи суннатии тоҷик ва таҷрибаи байналмилалиро фаро гирифтааст. Дар мактаби мазкур даҳҳо журналистони ҷавон тарбият ёфтаанд, ки озодона дар мавзўъҳои мухталиф баҳс мекунанд ва дар рўзномаву маҷаллаҳои ватанӣ фаъолияти густурда доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор