ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Қобили зикр аст, ки дар ин замина журналистикаи сиёсӣ низ то андозае қадамҳои ҷиддӣ гузошта, ба як рукни устувор ва муҳими журналистика ба маънии томаш табдил ёфт. Имрўз дар аксарияти рўзномаю маҷаллаҳои ватанӣ новобаста аз шакли моликияташон матлабҳое нашр мешаванд, ки раванди сиёсии дохили кишвар ва минтақаву ҷаҳонро ба таври касбӣ мавриди баррасӣ ва баҳс қарор медиҳанд. Вале, мутаассифона, бояд иқрор шавем, ки ин кор ғолибан дар маҳдудаи рўзномаву маҷаллаҳои ватанӣ сурат мегирад, ки ҳанўз аз ташаккул наёфтани журналистикаи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ дарак медиҳад.
Ин ҷо суоли матраҳ ин аст, оё мо омода ҳастем дар шароити замони муосир, ки раванди сиёсии ҷаҳони хеле печида аст ва ғолибан дар муноқишаҳои байналмилалӣ набарди иттилоотӣ нақши асосӣ ва калидиро мебозад, манфиати миллии худро пешорўи таҳдидҳое, ки аз ҷониби кишварҳои манфиатдор сурат мегирад, ҳимоя кунем?
Мо ҳамагон шоҳиди он будем, ки дар таҳаввулоти «Баҳори араб» то кадом андоза нақши пойгоҳҳои иттилоотӣ ва ВАО бориз буд. Ҳодисаву воқеаҳо дар ВАО-и кишварҳои манфиатдор танҳо ба суди гурўҳҳое, ки ҳадафҳои эшонро пиёда мекарданд, шарҳ дода мешуд ва гоҳо аз воқеият фарсахҳо дур буд. Дар натиҷа ормону хостаҳои мардуми бумӣ барои ҳуқуқи зиндагии роҳат ва ором дар ватанаш ба як канор афканда шуд ва низомҳое сари қудрат омаданд, ки вазъи сиёсии ин кишварҳоро ноамн ва зиндагии мардуми оддиро боз печидатару нороҳаттар сохтанд.
Идомаи ин бозиҳоро мо имрўз дар мисоли Ироқ, Либия ва Сурия мебинем, ки аксари ахбору иттилоот аз ин кишварҳо мерасанд, мисли ин ки ба хун оғўшта аст.
Агар амиқ назар афканем, иллати асосӣ ин буд, ки ВАО дар ин кишварҳо, мақоми худро ҳамчун ягона сарчашмаи дастраси ахбори тоза аз даст доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор