ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷои онҳоро хабарнигорони хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ишғол намуданд, ки ҳар як узви он ҳуқуқи пешниҳоди иттилоотро дорад ва на ҳамеша дар тафовут аз журналистикаи касбӣ, ахбори дуруст ва дақиқро пешниҳод мекунад. Фаразан дар Сурия, саҳнаи зинда гўронидани як нафар аз гурўҳи муқовиматро, ки аслан навори сунъӣ буд, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда, барои ба майдон кашидани мардуми шўрида муваффақ шуданд.
Аз дигар тараф, бо сабаби таъсири фарогири ВАО дар бахши ташаккул ва идора кардани афкори ҷомеа, солҳои охир таваҷҷўҳ нисбати он бештар гардидааст ва он ахиран ба яке аз воситаҳои муборизаҳои сиёсии дохилӣ ва ё байналмилалӣ, новобаста аз он, ки идеологӣ, сиёсӣ ва ё тиҷоратӣ аст, табдил ёфтааст.
Ҳамин тавр, дар шароити муосири глобалӣ кишварҳо ва ширкатҳои бузург барои таъсиси шабакаҳои бузурги иттилоотӣ мубориза мебаранд, то ки бо истифода аз шиорҳои маъмули «Мо танҳо ҳақиқатро ошкор мекунем», «иттилооти саҳеҳ меҳвари фаъолияти мост» ва мисли ин, ки дар журналистика аслан арзиши воқеӣ надоранд афкору андешаи оммаро идора намоянд. Бубинед, ки имрўз айнан як хабар ва ё қазия фаразан аз ҷониби ВАО-и Русия ва ё як оҷонсии иттилоотии кишвари Ғарб бо чи гуна тафовут ва ба таври зиддунақз пешниҳод мегардад. Гоҳо фарқ аз замин то осмон аст ва тарҷеҳ додан ба дурустии ахбори яке аз ин манбаҳои иттиллотӣ баъзан комилан ғайриимкон аст.
Дар ин замина, имрўз мактаби журналистикаи тоҷик, манзури ман ин ҷо факултаву шуъбаҳои журналистикаи макотиби олии кишвар, то кадом андоза қодиранд дар бахши журналистикаи сиёсӣ мутахассисонеро омода созанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ фаъолият карда тавонанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор