ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Манфиатҳои миллии моро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ҳимоя намоянд. Бо забонҳои инглисӣ, русӣ, арабӣ ва мисли ин озодона баҳс кунанд, то мо имконият дошта бошем, ки иттилооти таҳрифнашуда ва воқеиро дар бораи ин ё он масъала, ки ба иммиҷи кишвари мо таъсир мерасонад, аз сарчашмаи асил ва воқеӣ пешниҳод намоем.
Мутаассифона баҳсҳои иттилоотие, ки мо доир ба масъалаҳои калидӣ солҳои охир бо баъзе кишварҳои ҳамҷавор доштем, собит менамояд, ки дар ин бахш мо ҳанўз пиёдаем ва бо вуҷуди он ки ҳадди аксар ҳақиқат ба ҷониби мост, дар набарди иттилоотӣ баъзан таслим ҳам мешавем.
Мушкили дигаре, ки имрўз дар журналистикаи мо, аз ҷумла дар бахши журналистикаи сиёсӣ мавҷуд аст, муносибати ВАО бо давлат ва ҷомеа маҳсуб мешавад. Пўшида нест, ки ВАО бояд байни давлат ва ҷомеа нақши миёнравро анҷом диҳад. Бахусус, ин нукта муҳим аст агар манзури мо давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад. Нақши миёнравии ВАО иборат аз он аст, ки бояд манфиатҳои ҷомеаро дар назди давлат муаррифӣ намояд, ба ҷомеа барои ташаккул додани ин арзишҳо ва ҳимояи онҳо кўмак расонад, худ ба ҳайси яке аз институтҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол бошад.
Вале гоҳо ба назар мерасад, ки ҳамин муносибати ВАО бо ҷомеа то ҳанўз ташаккул наёфтааст ва устувор нест…
Фаразан, дар матбуоти даврӣ матлабҳое нашр мешаванд, ки фарогири манфиати ҷомеа аст, вале на ҳамеша ҷомеа онро қабул ва ҳазм карда метавонад. Яъне вокуниш ва акси садо нисбати масъалаи мавриди баҳс баъд аз нашри матлаб тақрибан ба назар намерасад, ки аз бетаваҷҷўҳии ҷомеа дарак медиҳад ва дар натиҷа ин масъала арзиши актуалии худро гум мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор