Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ва ё аз ҷониби дигар ВАО ба инъикоси масъалаҳое даст мезананд, ки фарогири ниёзҳои ҷомеа нест ва бештар ба манфиатҳои як гурўҳи маҳдуд мутааллиқ аст. Гоҳо ин баҳсҳо тоба ҳадди примитивӣ аз қабили «бўсидани даст роиҷ аст ё не», «бояд андозаи риш чанд ваҷаб бошад» ва ё баҳси ду рўҳонии саршинос сифр пиромуни як масъалаи мазҳабӣ сурат мегирад, ки аз ҳаллу фасли онҳо ба ҷомеа ва хонанда манфиате нест…
Мо бояд фаромўш накунем, ки бо рушди технологияҳои иттилоотӣ дар кишвари мо солҳои охир имконоти нав барои таъсиси воситаҳои иттилоотии хусусӣ ва гурўҳӣ пайдо мешаванд. Бахши иттилоот дар ҷомеа ба воситаи хеле қудратманди таъсиррасонӣ ва ташаккули маърифати ҷамъиятӣ табдил меёбад, ки ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои ҷомеа таъсири бузург мерасонад. Дар ин замина журналистика ба ҳайси муҳимтарин сарчашмаи иттилоот ба яке аз рукнҳои асосии системаи сиёсии давлат ва воситаҳои муҳими идоракунии он, ташаккули маърифати ҷомеа ва афкори омма мегардад, ки мо инро бояд ҳамеша мавриди назар дошта бошем.
Душанбе, 2018

НА ИЛМ, ҲАРЧИ АМАЛ МЕКУНӢ,
ҲАМОН АЗ ТУСТ

Мусоҳибаи сардабири ҳафтавори “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов бо адабиётшинос ва журналист, номзади илмҳои филология, устоди донишгоҳи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов Дар ҷомеаи мирўза хушбахтона инсонҳое ҳастанд.
ки вуҷуди онҳо, кору фаъолияташон дар рушди олами маънавии мардум муассир аст. Ин гуна афрод маънии зиндагии хешро дар баланд намудани маърифати мардум мебинанд ва дар ин ҷода устувор гом мезанад.

пешина
аз 601
навбатӣ