ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданЯке аз ин гуна афроди фарҳехта ,шахси фарҳангиву илмӣ, номзади илмҳои филология .устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов мебошад, ки фаъолияти густурдаи ў дар ҷодаи илм, фарҳанг ва журналистика шоистаи таззакуур аст. Ў муаллифи бештар аз 30 китоби имиву методӣ, 300 номгўй мақолаҳои илмӣ, адабӣ, публистистӣ, зиёда аз 3000 номгўй барномаҳои мухталифи телевизионӣ, бештар аз 200 чорабиниҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ мебошад.
- Саидумрони азиз, солҳои тўлонӣ, ки зиндагии худро сарфи илму маърифат намудед ва дар ин ҷода муваффақ ҳам шудед. Оё пушаймон нестед, ки ин пешаро, ки ягона манфиаташ ғановати маънавӣ аст, ва орӣ аз суди моддист интихоб намудед?
- Шоире мегўяд:
Номҷўӣ хилофи нонталабист, Ҳар кӣ нон ҷуст кам расид ба ном Муҳити зиндагии ман аз даврони тифлӣ,ки онро китоб, маърифат ва дониш фаро мегирифт ҳаргиз намегузошт, ки ман пайроҳаи дигар яъне роҳи бидуни илму адабро тай намоям. Падарам инсони бомаърифате буданд,ки аз хатти ниёгон бархурдор ва илми куҳану навро дар пайвастагӣ меомўхтанд ва фарзандонро ба қадри тавоноии худ таълим медоданд. Дар тоқу токчаҳои падарам дар канори “Қуръони карим” китобҳое чун “Чоркитоб”, девони Ҳофизу Бедил, ”Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ, девони Машраб ва ғайра меистоданду онҳоро бо навбат ҳар бегоҳ дар ҳалқаи фарзандон бо овози баланд қироат мекарданд. Гузашта аз ин падарам ба маҷаллаи “Садои шарқ”, “Помир”, “Фан ва турмуш”, “Адабиёт ва санъат” обуна буданду маводи муҳими онро мехонданд ва барои мо нақл мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор