ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Китоби “Доғистони ман”- и Расул Ғамзатов, “Дуроҳаи бўронӣ”-и Чингиз Айтматов китобҳои дўстдоштаи падарам буд, ки батакрор хондани онро ба фарзандон тавсия медоданд.
Ҳар субҳ падарам барои ман вазифае мегузоштандва бегоҳ аз он пурсон мешуданд. Ин буд.ки ҳар бегоҳ як ғазал аз Саъдӣ ё Ҳофиз ё Камол аз ёд барои падарам мехондам. Падарам ин шеъри Шайхи аҷалро пайваста такрор мекарданд ва бад-ин минвол онро ба гушам ҳалқа мекарданд:
Илм чандон, ки бештар хонӣ, Чун амал дар ту нест нодонӣ На муҳаққиқ бувад на донишманд, Чорпое дар ў китобе чанд.
Маҳз падарам, ки инсоншиносу олимпарвар буданд аз устоди азизамон Абдулманнон Насриддин,ки дар як маҳалла умр ба сар мебурдем хоҳиш карданд то маро дар ҷодаи таҳқиқ раҳбару раҳнамо бошанд. Ба баракоти раҳнамоиву меҳрубонии ин устоди муаззам маро даст дод то дар соҳаи матншиносии осори адабӣ ва фарҳангнигорӣ рисолаи номзадии худро дифоъ намоям.
- Аз байни ҳамсабақон нахустин шахс будед, ки рисолаи номзадиро дифоъ намудед ва он ҳам дар бахши луғатшиносӣ.
Ёд дорам мавзуъи баҳси рисола хеле доманадор буд ва заҳмати зиёд талаб мекард. Устодони зиёд шубҳа доштанд, ки ин кори бузургро як муҳаққиқи ҷавон анҷом диҳад. Вале ҳароина мо танҳо баъд аз таҳқиқоти Шумо бо луғатҳое мисли «Фарҳанги Қаввос» ва «Сиҳаҳ-ал-фурс» ошноӣ пайдо намудем. Ба андешаи Шумо оё имрўз дар ин самт чӣ корҳои ҷиддие анҷом ёфта истодаанд? - Бале, бо раҳнамоии устод се фарҳанги давраи аввали фарҳангнигории форсу тоҷик “Луғати фурс”- Асадии Тўсӣ, “Сиҳоҳ-ал-фурс”-и Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ, ”Фарҳанги Фахри Қаввос”-и Муборакшоҳи Ғазнавӣ аз назари илми матншиносӣ мавриди омўзиш қарор гирифт ва тасҳеҳу танқеҳи осори устод Рўдакӣ ва ҳамасрони ў сурат пазируфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор