Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин ҷода банда мадюни мактаби бузургмардоне чун В.Капранов, Ҳ.Рауфов, А.Нуров, А.Сангинов, А.Насриддинов мебошам.
Бале дар ин самт корҳои зиёде аз қабили табъу нашри фарҳангҳои қадима, таснифи фарҳангҳои муаллифӣ ва соҳавӣ ба анҷом расиданд ва он идома дорад, зеро таҳқиқи ин соҳа дар тақвияти таърих ва назарияи адабиёт, маърифати сухан арзиши бузург дорад. Заҳматҳои Амон Нуров дар мавриди табъу нашри осори лексикографии куҳан боиси зикр ва қадрдонист. Дар ин маврид мехоҳам аз доираи адабӣ ва илмии Хуҷанд низ ёд кунем, зеро дар густариши фарҳангнигорӣ ва луғатшиносӣ ин мактаб, ки дар саргаҳи он устод Абдулманнон Насриддин меистоданд хидмати арзандаро анҷом додааст ва то имрўз он идома дорад. Аз ҷониби муҳаққиқони ин мактаб табъу нашри илмиву интиқодии “Фарҳанги Қаввос”-и Муборакшоҳи Қаввоси Ғазнавӣ, “Луғати фурс”- Асадии Тўсӣ, ”Донишномаи Қадархон”-и Ашрафи Форуқӣ, аз ҷониби шоир ва фарҳангнигор Абдуҷаббори Суруш таҳияи “Фарҳанги ашъори Камол” ва “Фарҳанги ном”-и Фарзона духти Саидумрон аз дастовардҳои муҳим лексикографияи муосир маҳсуб мешавад.

  • Мо медонем, ки лар таҳияи матни осори адабӣ низ чандин корҳоро ба субут расонидаед. Аз ҷумла таҳия ва чопи рубоиёти Абўсаиди Абўлхайр, “Фарҳанги Қаввос”-и Муборакшоҳи Ғазнавӣ, “Пандномаи Анўшервон”-Бадеи Балхӣ, Девони Камоли Хуҷандӣ, асари Шиблии Нўъмонӣ “Симои Имоми Аъзам Абўҳанифа”, “Сафинаи маънӣ” маҳсули заҳмати шумост. Дар ин ҷода чи нақшаҳои дигар доред?
пешина
аз 601
навбатӣ