ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Бо устодони кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтаем як нусхаи нави илмиву интиқодии девони Хоҷа Камоли Хуҷандиро бахшида ба 700 солагии шоир омода созем.
Бо вуҷуди он ки имрўз осори Рўдакӣ аз назари матшиносӣ такмил ёфт ва Қодир Рустам барин адабиётшинос беҳтарин намои ашъори Рўдакиро барои хонандаи имрўз пешниҳод кард, банда низ дар садади омодасозии як нусхаи ҷадиди девони Одаму-шуаро ва ҳамасрони ў мебошам. Албатта ин кор заҳмати фаровон ва фаъолияти дастҷамъиро мехоҳад вале умедворам ба ин мақсади хеш мерасам. - Саидумрон шуморо дар байни мардум бештар ҳамчун журналист мешиносанд. Махсусан барномаҳои телевизионии Шумо монанди “Чашмандоз”, Маърифати ислом”, ”Бузургони Хуҷандшаҳр”, ”Ганҷинаи Мавлоно”, “Оинаи шаб” маъруфияти бемисл пайдо карда буд. Андешаи шумо дар бораи телевизиони имрўз.
-Телевизион барои ман як мактаби бузурге буд ва имрўз низ банда аз ҷодаи эҷод дур нестам. Барномаи телевизионии “Оинаи шаб” дорам ва дар радио барномаи “Камоли сухан”-ро, ки аз шарҳи шеъри шоир иборат аст муттасил идома медиҳам. Имрўз шароит дар телевизион ниҳоят хуб аст.Танҳо ғояи нав ба нав ва усулҳои замонавиро дар таҳияи барномаҳо гузоштан ҳатмист. Телевизион дорои нерўи бузург аст. Хуб мебуд он нерўро барои тарғиби арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ бахшем,зеро ҷомеаро ин ду чиз қудрат ато мекунад ва пояи давлат низ мустаҳкам мегардад. - Беҳтарин маҳфили адабие, ки мардуми огоҳ ва соҳибдилро муттаҳид намуд, маҳфили «Ганҷи сухан» буд, ки шодравон устод раҳнамои мо Абулмаънони Насриддин ороста буданд. «Ганҷи сухан» осори садҳо бузургони адаби форсро ба мардум муаррифӣ ва теъдоди зиёди ҷавононро ба роҳи равшани илму маърифат ҳидоят намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор