ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
“Кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандагии миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд. Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандўстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.” Ин гуфтаи Пешвои миллат аз як ҷониб ба мо аз таърихи талхи начандон дури мамлакат хабар диҳад аз ҷониби дигар он ҳушдорест барои ҳамватанон, ки набояд мо иштбоҳеро, ки як бор моро сарсону бехонумон кард такрор намоем. Аз ин гузашта ба воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-ум баҳои илмӣ диҳем ва хулосаҳои дуруст барорем.
Дар тўли фаъолияти роҳбарии худ Пешвои миллат ба масъалаи амнияти миллӣ ва таҳдидҳои қувваҳои аҳриманӣ ба зиндагии осоиштаи мардум эътибори хоса дода, бо пешниҳоду дархостҳои мушаххас ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми кишвар борҳо муроҷиат кардаанд. Масоили таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ ҳамешагӣ мавриди назари Сарвари давлат қарор дорад ва дар кулли суханрониҳои худ дар минбарҳои баландӣ байналмилалӣ аз қабили Созмони милалли муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ба мавзўи мазкур руҷўъ кардаанд.
Яке аз пешниҳодоти муҳим ва дархости Пешвои миллат дар мавриди амнияти Ватани азизамон ин барқарор намудани тинҷиву оромӣ дар Афғонистони ҳамсоя мебошад, ки сари ин мавзўъ борҳо руҷўъ намудаанд. Сарвари давлат ҳини баррасӣ намудани мавзўи мазкур, ба вазъияти ҳарбиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя Афғонистон таваҷҷўҳ намуда, барқарории сулҳу осоиштагиро дар ин марз аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба хотири амнияти минтақа медонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор