Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Чуноне ки дар Паёми навбати Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Вазъи имрўзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоем».
Нуктаҳои мазкур ишорат бар он доранд, ки имрўз Афғонистон маншаи хавфу хатарҳои муосир, аз ҷумла, экстримизм, тероризм ва қочоқи маводи мухаддир гардидааст, ки он натанҳо ба амнияти ҷумҳурии мо балки тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Воқеан таҳлилҳои марказҳои омўзишӣ ва назари коршиносон дар мавриди афзудани таҳдидҳо дар солҳои охир ба ҳам мувофиқ меояд. Ағлаб бар онанд, ки солҳои қаблӣ фаъолнокии ҷангиёни Толибон ва “Давлати исломӣ” дар фасли зимистон бинобар баста шудани роҳҳои интиқолии Покистон ба Афғонистон каме коҳиш меёфт. Вале муттассифона дар ду соли охир бо вуҷуди муқобилияти якҷояи нерўҳои байналмилалии зиддитерористӣ ва Артиши миллии Афғонистон ин қувваҳои аҳриманӣ дар қаламрави Афғонистон доимӣ қарор гирифтаанд. Мусаллам аст, ки дар меҳвари носуботии вазъи сиёсии Афғонистон, зиддиятҳои абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ меистад, ки ба иборати маъмули манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ онро матраҳ менамоем. Боиси зикр аст, ки абарқудратҳоро аз як ҷониб мубориза бар зидди тероризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир ба ҳам муттаҳид созад, аз ҷониби дигар манфиатҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ онҳоро аз ҳам дур меафканад.

пешина
аз 601
навбатӣ