ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ва ин сиёсат аст ва ҳар як нерў мақоми худ, ҳадафи худ ва таъсири худро дар Афғонистон ва минтақа дорад: “Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷўӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.” Мусаллам аст, ки мафҳумоти “бартариҷўӣ”, “мусаллаҳшавии бошитоб”, “ҷанги сард” ин ҳама хоси абарқудратҳо аст ва сард шудани муносибатҳои онҳо таъсири нохуш ба кишварҳое чун Афғонистон мерасонад. Таърихи начандон дури вазъи Ироқу Суриё ва Украина собит кард, ки ин абарқудратҳо барои манфиати хеш аз ҷангу хунрезӣ рўй наметобанд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат бо изҳори он, ки дар «Давлати исломӣ», баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил мебошанд, аз хавфи интиқоли махфиёнаи онҳо ба сарзамини мо нигарон ҳастанд.
Боиси зикр аст, ки қочоқи маводи мухаддир ба воситаи сарҳади давлатӣ аз масъалаҳои доғи рўз маҳсуб мешавад ва он ба амнияти миллии кишвари мо, минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд. Пешвои миллат дар ин маврид ба факту рақамҳои мавҷуда рўй меоранд: Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид имсол майдони кишти ин зироатҳо 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нўҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кўшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт”. Дар идома натиҷаи интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро ба Тоҷикистон ин тур ҷамъбаст месозанд: “Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 121 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки ин миқдор мавод метавонист қариб 53 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ ва ҳамин қадар оилаҳоро бадбахт гардонад.” Яъне, аз назари Пешвои миллат қочоқи маводи мухаддир дар баробари эҷоди таҳдид ва хавфу хатар ба амнияти мамлакат ба саломатӣ ва зиндагонии шоистаи мардум низ таъсири бад мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор