Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба хотири пешгирии ин ҳолатҳои нохушоянд Пешвои миллат ба мақомоти дахлдори Ҷумҳурӣ супоришоти мушаххас доданд.
Дар баробари ин, Сарвари давлат бо ибрози ин андешаҳо ишора бар он доранд, ки қочоқи ҳама навъи маводи мухаддир асоси маблағгузории тероризм ба ҳисоб меравад.
Маълум аст, ки гурўҳи экстремистиву терористии ДИИШ баъди мағлубияташ дар Сурия ва Ироқ маҳз барои дастёб шудан ба сарчашмаи маблағгузорӣ чун маводи мухаддир ба Афғонистон рўй овард. Яъне, ин сарчашма маблағгузории аз ҳисоби қочоқи нафтро сад дар сад метавонад иваз намояд. Ин ҷо рақобат байни “Давлати исломӣ” ва Толибон барои таҳти назорат гирифтани қочоқи маводи мухаддир вазъи Афғонистонро нооромтар ва вазнинтар сохта истодааст. Пешвои миллат дар баробари таҳлили ҳамаҷониба ва баҳогузорӣ ба вазъият, ҳамзамон барои бартараф кардани мушкилот ва проблемаҳои мавҷуда пешниҳоди мушахаси худро баён месозанд: “Мо чунин мешуморем, ки кўмак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад.
Аз ин рў, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтарнамудани вазъи амниятии ин кишвар кўмакҳои амалии худро афзоиш диҳанд. Тоҷикистон кўшиш менамояд, ки ҳамкории беғаразонаро бо Ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ҳамаи ин соҳаҳо тақвият бахшад”.
Ин пешниҳоди Президенти кишвар заминаи воқеӣ дошта, танҳо беҳдошти иқтисодии кишвар, сулҳу суботи доимӣ дар Афғонистон имкон медиҳад баробари осудагӣ дар Осиёи Марказӣ, дар мавриди амалишавии се ҳадафи стратегии Тоҷикистон, хоса, боз шудани роҳ ба минтақаи Авруосиё таъсири нек расонад.

пешина
аз 601
навбатӣ