Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон минбаъд дар баробари кишварҳои хайрхоҳ ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро бо Афғонистон ривоҷ мебахшад ва барои ҷалби ин кишвари дўсти ҳамсоя ба ҷараёнҳои ҳамгироии байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, дар мавриди барқарор сохтани системаи кишварзӣ ва обёрии Афғонистон низ Тоҷикистон саҳми худро хоҳад гузошт.
Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ифодагари андешаҳои амиқ ва пешниҳодҳои мушахасси Сарвари давлат доир ба яке аз масъалаҳои доғи рўз – муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ҷоизи зикр аст, ки баргузории ин гуна ҳамоиши бонуфуз дар Тоҷикистон аз мақому манзалати шоистаи давлати мо дар байни кишварҳои олам дарак медиҳад ва ифодагари таваҷҷўҳи беандозаи Пешвои миллати мо ба тинҷиву осудагии на танҳо Тоҷикистон балки минтақа ва ҷаҳон мебошад. Зеро аз назари Сарвари давлат таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо аз вазифаҳои калидӣ маҳсуб мешавад, ки бе он наметавон рушди соҳаҳои мухталифи минтақа ва ҷаҳонро тасаввур намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърўзаи худ аз набзи сайёра сухан оғоз карда, зикр намуданд, ки «зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст». Ба қавли он кас «Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи

пешина
аз 601
навбатӣ