ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта,
бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии
осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.” Пешвои миллат
ҳамоно ба воқеаву ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя назар
намуда, аз он ёд мекунанд, ки танҳо давоми соли гузашта
дар ин кишвар аз амалҳои терористӣ беш аз 10 ҳазор нафар зарар дид, тақрибан 4 ҳазор кас қурбон гаштаанд. Бо
овардани ин санад Пешвои миллат бори дигар хотиррасон
мекунанд, ки ин ё он кишвар наметавонад дар танҳоӣ бо
хавфу таҳдидҳои афзояндааи амнияту осоиш муқовимат
намояд ва ҳамкориву шарикӣ яке аз усулҳои муҳими мубориза ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, Пешвои миллат мегўянд,
ки “Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид
ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шўрои Амният ва Маҷмаи
Умумӣ бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму
ифротгароиро ташкил намоянд.”
Дигар аз нуктаи муҳиме, ки дар маърўзаи Пешвои миллат тазаккур меёбад ва имрўз оламро ба ташвиш овардааст дубора доман паҳн кардани “ҷанги сард” мебошад. Ин
зуҳуроти номатлуб пеши роҳи муборизаи якҷояро алайҳи
тероризм мегирад ва наметавонад натиҷаи дилхоҳ ба бор
орад. Дар баробари ин, Пешво миллат ёдрас мекунанд, ки
Тоҷикистон дар мубориза алайҳи тероризму ифротгароӣ,
тунгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо шарики кишварҳои
олам ва созмонҳои байналхалқӣ мебошад. Аз ҷумла зикр
месозанд, ки “дар шароити мураккабу пуртазоди имрўза
мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷўӣ.”
Боиси зикр аст, ки Тоҷикистон дар заминаи “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ
барои солҳои 2016-2020” амал намуда, нақшаи амали он бо
12 ҷанбаи мавзўӣ дарҷ гардидаанд. Яъне, ин маънии онро дорад, ки Тоҷикистон барномаи мушахасси худро дар ин самт дорост ҳамкориҳои ҳадафмандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчўби созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозӣ намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор