ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Пешвои миллат ба ин барнома ишора намуда, бори дигар аз мавқеи устувори кишвар дар самти мубориза алайҳи тероризм ва хушунат дарак доданд.
Ба андешаи Пешвои миллат беҳ шудани муносибатҳои байни кишварҳои минтақа имконияти ба сифати нав роҳандозӣ гаштани ҳамкориву ҳамоҳансозии байнидавлатиро эҷод кард, ки Тоҷикистон аз чунин раванди рушди робитаҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол менамояд ва “омодагии хешро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳояш дар ин самт бо тамоми кишварҳои ҳамҷавор иброз медорад.” Дар маърўза чунончи дар боло зикр ёфт, Пешвои миллат ба воқеаҳои солҳои 90-уми асри XX руҷўъ намуда, аз амали ниҳодҳои тероризми байналмилалӣ сухан мекунанд. Аз ҷумла ишора мекунанд, ки бо ҳодисаҳои мудҳише, ки имрўз мардуми оддии Ироқу Сурия, Яману Афғонистон гирифтор шудаанд мардуми тоҷик он солҳо рў ба рў гашта буданд. Ҳадафи душманони миллати тоҷик низ он замон таъсис додани давлати исломӣ буд, ки натиҷаи он кушта шудани садҳо ҳазор шаҳрвандони тоҷик ва бехонумон мондани беш аз як миллион мардуми осоишта гардид. Бартараф шудани он фалокату ҷангу ҷидолро Сарвари давлат дар ба роҳ мондани муколамаи васеъ медонанд, ки он аз фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик сарчашма мегирифт. Ҳамчуноне, ки дар маърўза тазаккур медиҳанд: “Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.” Дар ин маврид Пешвои миллат ин таҷрибаи сулҳофари тоҷиконро дар мубориза алайҳи тероризму ифротгароӣ пешниҳод менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор