Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Воқеан танҳо муколамаи самимӣ, бериё, мардона ва мунсифонаи кишварҳои олам метавонад зарбаи воқеӣ бар муқобили ифротгароён ва терористон зада бошад.
Пешвои миллат дар суханронии худ аз мушкилоти мавҷуда дар мавриди мубориза алайҳи тероризм ва экстремизм, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба назар мерасад таваққуф мекунанд. Аз ҷумла оиди мавқеъгирии мухталиф, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати мафҳумҳои тероризм ва экстремизм ба назар мерасад, изҳори нигаронӣ намуда, эҳтироз аз «меъёри дугона»-ро пешниҳод мекунанд. Ин гуна мавқеъгириро боиси тавлиди хатару таҳдидҳои ҷадид меҳисобанд. «Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро».
Бахши дигари суханронии Сарвари давлат оид ба муносибати гурўҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав мебошад, ки ба андешаи он кас дар натиҷаи “сўиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд”. Дар ин маврид низ Пешвои миллат аз мавқеи устувори худ нисбати покиву муназзаҳии дини мубини ислом сухан карда, дар мавриди гирифтани пеши роҳи исломситезӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҷоди фазои эътимоду боварӣ даъват месозанд. Ин ҷо нуктаи муҳим ва воқеан таърихии худро, ки мавқеи устувор ва дурусти Пешвои миллатро ифода менамояд, такрор менамоянд: «террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад, террорист - террорист аст ва ў ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгаро»-ву «тундгаро» буда наметавонад». Пешниҳоди ниҳоии Пешвои миллат нисбати ду мафҳум – тероризм ва ифротгароӣ таҳия ва қабули мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

пешина
аз 601
навбатӣ