Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ин андеша ва пешниҳоди Пешвои миллат аз омўзиши амиқи он кас дар мавриди вазъи кунунии ҷаҳон, хатарҳои даҳшатангези қувваҳои аҳриманӣ, мавқеву мақоми кишварҳои олам дар мубориза алайҳи тероризм ва экстремизм, усулҳои мубориза ва ғайра дарак медиҳад. Ҳамзамон, он ҷуръати беандоза, мавқеи устувор, андешҳои амиқ, пешниҳодҳои мушаххаси Пешвои муаззами миллати моро ифода менамояд.
Дар суханронии Пешвои миллат нуктаи дигари меҳварӣ баёни омилҳои густариш ёфтани тероризм ва ифротгароӣ мебошад, ки бар он технологияи муосири иттилоотӣ мусоидат менамояд. Зеро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб кардани мардум ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ осон буда, интернет ҳамчун воситаи асосӣ ба кор меравад. Аз ин рў, Пешвои миллат пешниҳод мекунанд, ки “тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кўмаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳимми комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад”.
Сарвари давлат дар маърўзаи худ сарчашмаи асосии маблағгузории тероризм ва ифротгароиро дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир медонанд, ки он аз зумраи мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва дар ин самт низ муборизаи беамон ва тадбирҳои муштаракро бо истифода аз усулҳо ва воситаҳои замонавӣ пешниҳод мекунанд. Ин ҷо аз мавқеъ ва амали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ибрози назар месозанд: Тоҷикистон бо дарки амиқи ин хатари глобалӣ тайи солҳои тўлонӣ тамоми кўшиши худро ба мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона мекунад”.

пешина
аз 601
навбатӣ