ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳаминтариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давоми фаъолияти худ ҳамчун Сарвари давлат дар мавриди мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароии хушунатомез мавқеи устувор ва ягонаро молик буда, дар мавриди амнияту осоиштагии на танҳо Тоҷикистон ва минтақа балки тамоми олам кўшиш ба харҷ медиҳанд.
Таҳлилу баррасии суханрониҳои Пешвои миллат дар минбарҳои баланде чун Созмони милалли муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, вохўриҳои сарони кишварҳо дар сатҳи баланд ин нуктаро собит месозад.
Пешниҳоду дархостҳои Пешвои миллат куллан заминаҳои илмиву таърихӣ дошта, онҳо дар асоси омўзишҳои амиқ ва сабақҳои таърихӣ рўи кор омадаанд ва манзури онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз масъулияти баланди Сарвари давлат нисбати тинҷиву осоиштагии олам дарак медиҳад.
Фаъолияти Пешвои миллат дар ин самт дар густариш додани муқовимати якҷояи нерўҳои солими ҷаҳонӣ бар зидди терроризму ифротгароии хушунатомез ва дар баҳамоии назару андешаҳои ҷадид таъсири бузург мегузорад, мақом ва мавқеи Тоҷикстонро дар байни давлатҳои ҷаҳон боло мебардорад ва дар густариши ҳамкориҳо замина мегузорад. Пешниҳоду дастурҳои Пешвои миллат раҳнамое барои ояндаи обод ва зиндагии осудаи мардуми олам мебошанд.
Соли 2018

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор