Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВА МАСЪАЛАИ ОБИ ҶАҲОН

Дар асоси ташаббус ва пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал, «Об барои рушди устувор 2018-2028» дар маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид маънии онро дорад, ки кишвари мо дар миёни давлатҳои олам мақому манзалати хосаи худро молик аст ва ҳарфи худ, андешаи худ ва пешниҳоди худро метавонад дар қаламрави олам амалӣ созад. Боиси зикр аст, ки ин ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», 2005-2015” мебошад, ки зимнан он ба натиҷаҳои хуб ноил кард.
Ҳини руҷўъ намудан ба таърихи инсоният, ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ, китобҳои муқаддас ва муносибати инсоният ба об моҳияти пешниҳоди Пешвои миллатро бештар дарк мекунем ва эҳсос менамоем, ки ин ташаббус заминаҳои таърихӣ ва илмиро дорост. Махсусан дар замоне, ки истифодаи оқилонаю интегратсионии захираҳои обӣ ба масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Махсусан, захираҳои обӣ, идоракунии он, тақсимоти захираҳои обӣ ва таъмини мардуми сайёра бо оби ошомиданӣ проблемаи глобалии сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Руҷўъ ба таърих равшан месозад, ки дар ҳамаи замонҳо инсоният ба ин боигарии моддӣ чун ба муқаддасот муроҷиат менамуд. Вале инсоният дар бораи маҳдуд шудани об ва имкони дучор шудан ба фоҷиаи беобӣ, алалхусус оби нўшиданӣ камтар андеша менамуд. Ҳини назар кардан оид ба об ва таваҷҷўҳи мардум ба ин мафҳуми муқаддас муҳимтарин матлаб ва маълумотҳои нахустинро аз асотирҳои қадимаи тоҷикон дарёб карда метавонем.

пешина
аз 601
навбатӣ