ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳанўз қабл аз таърихи мавҷудияти Зардушт гузаштагони мо фариштаеро бо номи Анаҳито ситоиш мекарданд ва баъдан мо ситоиши обро дар китоби «Авасто» фаровон мушоҳида менамоем. Муттахассисон бар онанд, ки дар таърихи тамаддуни олам дар миёни китобҳои муқаддаси маъруф бештар зикр мегардад. Аз ҷумла, дар готҳои 65-68-и Ясно ба мушоҳида мерасад, ки Аҳуромаздо Зардуштро барои ситоиши Аноҳито, ки нигаҳбони тамоми обҳо дониста мешуд, даъват месозад. Об ва мақоми он, ба иборати дигар ситоиши об дар фарҳангу тамаддунҳои дигари дунё низ фаровон ба назар мерасад. «Авасто» обро аз қабили ҷаҳор унсури муқаддас медонад.
Чунончи дар тамаддуни Юнон Ҳомери бузург оид ба Аноҳита ишораҳо дорад. Баъдтар Фалес низ дар фалсафа даъво пеш меорад, ки об аз миёни чор унсури ҳастӣ нахустин ба ҳисоб меравад ва ҳастӣ дар асоси он бунёд шудааст. Бале, об дар ҳамаи манобеи маънавӣ, аз ҷумла, китоби муқаддас ва осмонӣ – Қурони карим низ чун сарчашмаи ноби ҳаёт зикр мешавад. Об ҷавҳари зотии табиати замини дорои ҳаёт аст, ки аз будан ё набудани он ҳаёт дар рўи Замин сахт вобаста аст ва унсурест, ки вуҷуди ҳаёт, зиндагӣ маҳз аз он вобастааст.
Бо гузашти замон ва пеш рафтани ҷомеа, афзудани миқдори инсоният дар олам ниёз ба оби тоза меафзояд ва мутассифона фоҷеаҳои экологӣ сабабгори кам гаштани об дар курраи замин мегарданд. Рўду дарёҳои бузурге, ки асрҳои тўлонӣ ҷорӣ буданд рў ба хушкӣ меоранд ва дар баробари танқисии оби ошомиданӣ номусоидии табиат ва вайроншавии экология пайваста дар кишварҳои мухталиф рўй медиҳад. Боиси хушнудист, ки дарёву рўдхонаҳои Тоҷикистон гирифтори ин фоҷеа нест ва аз оби ширин низ кишвари мо сероб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор