ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданИнак, дар мавриди заминаҳо, сабаб ва ҳадафи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ эълон шудани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об», соли 2016 об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028 дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» метавон як қатор мушоҳидаҳои илмӣ ва таърихиро иброз кард:
- Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулият ва омўзиши таърихи олам ба масъалае рўй оварданд, ки он замон ҷомеаи башар нисбати он бепарво буд ва бо гузашти бештар аз понздаҳ сол бори дигар дурандешӣ ва умқи назари амиқи ҷаҳоншиносии ин марди бузург собит мешавад. Ба иборати дигар, Сарвари давлат ба масъалаи ҷаҳонишавӣ ва раванди дигаргунии ҷомеа ва табиат баҳои саривақтӣ дода, дар пешгирии фоҷеаи экологӣ ва иҷтимоӣ сухани хешро иброз намуда буданд.
- Шинохти масъала ва моҳияти об дар сарнавишти инсоният аз тарафи Пешвои миллат тасодуфӣ набуда, он аз фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва асримиёнагӣ сарчашма мегирад. Сифатҳои дарку эҳсоси воқеият ва баҳо додан ба ҳаёт ҳадяи азалии Пешвои миллат буда, он ифодагари бузургии миллати тоҷик мебошад.
- Ғамшарик будан ба дарди аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бетараф набудан ба тақдири мардуми олам, ки аз сифатҳои олии Пешвои миллат мебошад. Зеро проблемаи об ин масъалаи ҷаҳонӣ буда, он ба кишвари мо камтар тааллуқ дорад. Зеро Тоҷикистон дар мавриди захираҳои бузурги об дар ҷаҳон ҷои 3-юм, дар миқёси ИДМ ҷои дуюм ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор