ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Захираҳои оби ра-
3 вони Тоҷикистон ба ҳисоби миёна соле 62,0 км ташкил
3 медиҳад, ки 12 км дар қаламрави ҷумҳурӣ сарф мешавад.
Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё, 14509 пирях, 1300 кўл ва бештар аз 200 чашмаи шифобахш маълум аст.
Ин ҷо иқтибоси як суханронии ҷаноби Алабӣ Оломада, ки аз Нигерияи Африка ба Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза омада буд, айни матлаб аст: «Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон! Шумо дар ҳақиқат дўсту бародари ба дил наздики мардуми асрҳои аср ташнаи мо будаед, ки ҳалли мушкилоти асосии мо – камобиро ба муҳокимаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардаед. Гумон доштам, ки халқи тоҷик монанди мо, африкоиҳо, аз камобию беобӣ дар азобанд, ки Сарвари давлати тоҷикон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид масъалаи оби тоза ва ҳифзи манбаъҳои онро ба миён гузоштааст. Лекин, вақте ба Тоҷикистон омадаму дарёҳову чашмаҳои мусаффоро дидам, кўҳҳову кўлҳои бешуморро дидам, боғу бўстонҳо, неъматҳои фаровони аз замину об рўёндаро дидам, мардуми зебо, меҳмондўсту меҳмоннавоз ва соҳиби дасту дили кушодро дидам, бемуҳобот худро дар биҳишти ҳақиқӣ ҳис кардам. Ва баъд фаҳмидам, ки Шумо на танҳо ғами дарди халқи худро мехўрдаед, балки бори ғаму дарди мардуми тамоми оламро бар дўш доштаед. Аз ин рў месазад, ки мо, африкоиён, рў ба ҷониби Шумо, аълоҳазрат, гардонда намоз хонем, аз Худованд бахту саодати ҳамешагии халқу давлати тоза истиқлоли Тоҷикистонро тавалло намоем!»
4. Пеш гирифтани фоҷеаҳои табиӣ ва нарасидани оби нўшокӣ дар қаламрави олам. Ироаи пешниҳодҳои мушахас ва дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда ҷалб кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ. Наҷот бахшидани мавзеъҳои хатарзо ки дар садади хушкшавӣ ё вайроншавӣ қарор доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор