ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
- Дар Тоҷикистон низ эътибор додан ба сарфаву сариштакорӣ дар истифодаи об ва дастрасӣ намудани оби тоза ба кулли сокинони кишвар.
- Захираи оби ширини кўли Сарез истифодаи он дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик.
Ҳаминтариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардид. Кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” корҳои зиёдеро анҷом дод, ба як қатор ҳадафҳои масъалаҳои рушди уствор ва истифодаи интегратсионии захираҳои обӣ ноил шуд ва ба ин амали хайр идома бахшида истодааст.
ДОНИШҲОИ ИЛМӢ ВА МАЪРИФАТИ
ДУРУСТИ ВАЗЪИ СИЁСИИ ҶОМЕА
Мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов
таҳти унвони “Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ”, ки тавассути расонаҳои иттилоотии кишвар интишор гардид, аз
як тараф натиҷаи омўзиши амиқи вазъияти амнияти кишвар дар шароити имрўзаи ҷаҳони ноором бошад, аз ҷониби дигар он як дастуру раҳнамо ба афроди зиёиву аҳли илм
аст, ки то бештар тавонанд дар ҷодаи таъмини амният ва
тинҷиву осоиштагии Ватан кореро ба анҷом расонанд. Муаллиф дар заминаи воқеияти таърихӣ ва назарияи олимони маъруфи олам оид ба мафҳумоти “амният”, “давлат”,
изҳори назар карда, дуруст зикр мекунад, ки таҳти номи
«давлат», зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеа
дар назар дошта мешавад ва муҳимтарин вазифаи давлат амнияти худ ва ҷомеа мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор