Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин маврид муаллиф барои хонанда мафҳуми ҳуқуқии «дав- лат»-ро, аз назари илмӣ тавзеҳ медиҳад, аз аносири он, ки миллату миллатҳо мебошанд ва нишонаҳои асосии он сухан мекунад. Муаллиф иброз медорад, ки давлат аз лиҳози назариявӣ ва илмӣ арзи вуҷуд намуда, таърихи он таърихи амният мебошад.
Яъне, ин ҷо сухан дар бораи моҳияти давлат меравад ва аз назари илмӣ мавҷудият ва рисолати онро маънидод мекунад. Ҷолиб аст, ки муаллифи мақола ба ҳалли масъала аз назари ҳам илм ва ҳам таърих наздикӣ ҷуста, мехоҳад барои хонанда муҳимтарин донишҳо ва ҳақиқатҳоро манзур созад, ки бе донистани он наметавон ба маърифат ва дарки масъала даррасем. Зеро вазъи имрўзаи ҷаҳон муракабии ҳолат барои ҳар як нафар фарди ҳушманд маълум аст, вале чи гуна ба масоили аслӣ, яъне, таъмини амнияти кишвар,шахс ва давлат муносибат намудан, кадом роҳу усулро интихоб кардан, аз масоили муҳим аст, ки то тавонем ба соҳили мурод бе шикасту рехт даррасем. Ба иборати маъмули дигар, чи гуна тавонем сулҳу суботу амнияти чун гавҳари бебаҳо дар даст доштаамонро ҳифз намоем.
Муаллифи мақола дар баробари тавсиф ва тавзеҳи мафҳумоти дар боло зикршуда, ба як нуқтаи меҳварӣ таваққуф менамояд, ки ҷавҳари матлаб онҷост. Аз ҷумла менависад:
”Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррўзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрўзу ояндаи давлати миллии мо мебошад.” Воқеан сари ин масъала таваҷҷўҳи амиқ мебояд, зеро дарёфтани гавҳари осоиш осон нест, вале ҳифзи он ҳам душвориҳои ба худ хос дорад. Гузашта аз ин, муаллифи мақола мўътақид бар он аст, ки хатарҳои бар сари миллат равона карда шуда зуҳуроти тасодуфӣ набуда, дар заминаи тарҳрезиҳои муаййан рўи кор меояд ва ба он аз назари илм чашм андохтан ҳатмист.

пешина
аз 601
навбатӣ