Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Яъне, нахуст ба моҳият ё худ ҷавҳари чунин зуҳуроти хатарнок назар кардан ва омўхтани раванд ва қонуниятҳои он, усул ва роҳҳои амалӣ шуданаш аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешавад.
Дар ин ҷода такя ба илм, маърифат зарур буда, онро бояд ҳушёрии сиёсӣ тақвият бахшад. Воқеан, таҳлили кўркўронаи вазъият ва воқеаҳои муҳими сиёсии муоссир ба ҷомеаи мамалакат моро аз асли матлаб ва расидан ба ҳадафи асосӣ дур мекунад. Танҳо дар сурати тавзеҳи олимона ва оқилона мо метавонем дар мавриди тарғиби ҳақиқати воқеаҳо дастёб шавем ва ҷомеа аз андешҳои шубҳаангез барканор гардад. Муаллиф дар мавриди ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ баробари оид ба масъалаи хусусиятҳои амнияти миллӣ изҳори назар кардан, пешниҳод менамояд ва ногузир медонад, ки раванди таъмини амнияти давлат ва миллат ба тарзи системавӣ мавриди омўзиш қарор гирифта бошад. Танҳо ҳамин усули корбарӣ метавонад давлат ва миллатро бар муқобили ҳамаи хатарҳо устувор нигаҳ дорад. Зеро дар ҳамаи давру замон қувваҳои бадхоҳ мавҷуд буданд ва донистани таърихи муборизаҳо, усулу методҳои мавриди истифода қарор доштани он имкон медиҳад, аз як ҷониб чеҳраи аслии ҷараёнҳо ва ҳаракатҳои терористиву зиддимиллӣ монанди «ДОИШ», «Ал-Қоида», «ҲНИТ», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-Таҳрир» ва монанди инҳоро хуб шиносем ва аз ҷониби дигар бо онҳо муборизаҳои ҷиддиро ба роҳ монем. Яъне, муносибат ба ин зуҳурот аз чашмандози илм бояд сурат пазирад, зеро ба қавли муаллифи мақола “баҳодиҳӣ, хулосабарорӣ, муайян кардани муносибат ба рўйдодҳои олам, рафтор ва амали Инсон баробар ба дониш, таҷриба ва малакаи ўст”.
Дар мақола оид ба онҳое, ки бо нишондоди сарпарастони хориҷии худ бо тақдири миллат бозӣ мекунанд низ сухан рафта, онро аз назари илмӣ чунин тавзеҳ медиҳад, ки донистани он ҳатмист: «субъекти фаъол – дастандаркорон; объекти истифода - бадомафтодагон; муҳит – ба инобат гирифтани вазъи дохилии мамлакат – сарфи раҳгумзадагон; сабаб – каммаърифатӣ, ноогоҳӣ, рўҳияи бегонапарастӣ, ифротгароӣ, дурўягӣ, адами масъулият назди Ватану Миллат; оқибат – эҳтимолияти сар задани фоҷиаи миллӣ».

пешина
аз 601
навбатӣ