Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Агар аз рўи ҳамин нақша ё формулаи таърихӣ назар намоем, пас, вазифаи имрўзаи мо нахуст коҳиш додани каммаърифатӣ, нооогоҳӣ, рўҳияи бегонапарастӣ ва ифротгароӣ буда, дар ниҳоди мардум тақвият бахшидани муҳаббат ба Ватан ва масъулияти ватандорӣ мебошад. Дар ин раванд илм, назарияи воқеъбинонаи таърихӣ, бозгўи ҳақиқати воқеаҳо имконияти густурдаро дар дарку маърифати асли матлаб эҷод мекунад. Ба тариқи илмӣ собит намудани ягонагии манфиати амнияти давлатӣ ва миллӣ дар дарки маърифати Ватан, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ кўмак хоҳад расонд. Дар мақола яке аз мавзўоти меҳварӣ геополитика:
манфиат ва амният ба ҳисоб рафта, муаллиф тавонистааст донишҳои ҳақиқиро дар бораи маърифати зуҳуроти дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуқўъ пайваста аз бардоштҳо ва андешаҳои дурўғину аз асл дур тамийз карда, сарчашмаҳои онҳоро баён сохтааст. Аз ҷумла, дар бораи як мафҳуми маъмулии ифротгарони муосир муаллиф чунин мегўяд, ки ақидаи Пешвои миллат “тероризм аз ислом нест”-ро тақвият мебахшад: «истилоҳоти «ҷиҳод», «мубориза ба хотири исломи ноб», «сохтани давлати исломӣ», «шаҳид гаштан дар роҳи ислом», «мубориза бо куффор», «пуштибонӣ аз ислом дар рўи олам» ва монанди инҳо, ки имрўз аз номи бозигарони геополитикии сатҳҳои гуногун, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, пуштибонони онҳо садо медиҳанд, ба дини ислом муносибати аслӣ надоранд. Зеро «дар доираи дин, ислом муъҷизаи осмонӣ, фавқуттабиӣ аст.

пешина
аз 601
навбатӣ